80 захмӣ дар бархурди киштии ҷопонӣ бо як ҳайвони дарёӣ
Март 09, 2019 19:41 Asia/Dushanbe
Нерӯи дарёии Ҷопон эълом кард, ба далели бархурди як киштӣ бо як ҳайвони дарёӣ дар ҷазираи Садо дар дарёи Ҷопон, 80 сарнишини ин киштӣ захмӣ шуданд.
Ба гузориши ИРНА, бар асари ин бархурд, ки ҳудуди соат 12:15 зӯҳри имрӯз рӯй дод 80 нафар захмӣ шуданд, ки ҳоли се тан онҳо вахим эълом шудааст.
Ин киштии мусофирбарӣ, ки 121 мусофир ва 4 хадамаро ҳамл мекард бо суръати 80 километр дар соат дар ҳаракат буд, ки чархаҳои зериобии он ба далели бархурд бо як ҳайвони дарёӣ шикаста шуд ва киштӣ осеб дид.
Мақомоти Горди соҳилии Ҷопон мегӯянд, киштӣ мумкин аст ба як ниҳанг ё мавҷуди дигаре бархурд карда бошад.
Барчасп