Суқути пойгоҳи артиши Афғонистон дар вилояти Бодғис
Март 11, 2019 14:28 Asia/Dushanbe
Як пойгоҳи артиши Афғонистон дар вилояти Бодғис ба тасарруфи Толибон дар омад.
Ба гузориши ИРНА, Абдулазиз Бег, раиси шӯрои вилояти Бодғиси Афғонистон эълом кард: Дар ҳамлаи шаби гузаштаи Толибон, як пойгоҳи артиш дар шаҳристони Боломурғоби ин вилоят суқут кард, ки бар асари он, 16 низомӣ кушта ва 20 тани дигар ба асорати ин гурӯҳ даромаданд.
Давлати Афғонистон токунун дар ин бора изҳори назаре накардааст.
Вазорати дифои Афғонистон ҳам дар иттилоияе эълом кардааст, ки тайи 24 соати гузашта дар ҳамалоти ҳавоӣ ва заминӣ дар вилоятҳои Урузгон, Ғазнӣ, Лугар, Майдон Вардак, Фароҳ, Нангарҳор, Бодғис ва Ҳилманд 98 узви гурӯҳи Толибон кушта шудаанд.