Март 12, 2019 18:24 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии давлати Кобул барои музокира бо Толибон

Давлати Афғонистон бори дигар омодагии худро барои музокираи сулҳ бо Толибон эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, мушовири аминияти миллии Афғонистон дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал дар Ню-Йорк гуфт, давлати Кобул ҳозир ба гуфтугӯи мустақим бо Толибон ва поёни ҷанг ва таъмини амният дар ин кишвар аст ва набояд бештар аз ин мардум қурбони ҷанг шаванд. Ҳамидуллоҳ Муҳиб бо ишора ба баргузории Луи Ҷиргаи машваратии сулҳи Афғонистон дар моҳҳои оянда афзуд, ин ҷирга, ки намоде аз иродаи тамоми мардуми Афғонистон хоҳад буд, заминаро барои сулҳ мусоидтар хоҳад кард. Мушовири амнияти миллии Афғонистон тасреҳ кард, ҳукумат ва мардум хоҳони сулҳ ҳастанд ва агар раҳбарии ин раванд ба дасти афғонҳо бошад, натиҷа хоҳад дод, аммо муҳим ин аст, ки Толибон аз ин фурсат истифода кунанд. Муҳиб афзуд, наздик ба 60 дарсади мардуми Афғонистон зери хати фақр зиндагӣ мекунанд ва чархи иқтисод ба далоили мухталиф аз гардиш афтодааст ва сармоягузорон дар ҳоли фирор аз ин кишвар ҳастанд.

Толибон борҳо амодагии давлати Афғонистон барои музокираи сулҳро рад карда ва муддаӣ аст, давлати Кобул салоҳияти ин музокиротро надорад.

 

Барчасп