Рӯнамоӣ аз муҷассамаи Ҳофиз дар шаҳри Печи Маҷористон
Март 12, 2019 20:11 Asia/Dushanbe
Тандиси Ҳофизи Шерозӣ дар шаҳри Печи Маҷористон бо ҳузури мақомоти баландпояи ин шаҳр рӯнамоӣ шуд.
Дар ин маросими бошукӯҳ, ки Ғуломалӣ Раҷабии Яздӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маҷористон низ ҳузур дошт, ибтидо Суруди миллии ду кишвар навохта шуд ва сипас Золт Пава, шаҳрдори Печ бо тамҷид аз мероси фарҳангӣ ва тамаддуни Эрон таъкид кард, ки Ҳофиз намоди шинохташудаи ҷаҳонии шаҳри Шероз аст. Ғуломалӣ Раҷабии Яздӣ, сафири Эрон дар Маҷористон ҳам гуфт, шеъри Ҳофиз ҷузъи тафкикнопазири эътиқодот, фарҳанг ва боварҳои эрониён буда ва таҷаллии ҳувияти эронию исломист. Ӯ афзуд, ғазалиёти Ҳофиз ба гунаест, ки ҳама мардуми ҷаҳон бо ҳар фарҳангу бовар ва эътиқод метавонанд бо он иртибот барқарор кунанд.