Вокуниши мутафовити Трамп ба ҳамлаи террористӣ дар Зелландияи Нав
(last modified Sat, 16 Mar 2019 08:54:44 GMT )
Март 16, 2019 13:54 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши мутафовити Трамп ба ҳамлаи террористӣ дар Зелландияи Нав

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа бо инкори ангезаҳои нажодпарастона дар ҳамлаи террористии Зелландияи Нав гуфт, ки миллигароии ифротӣ ва бартарпиндории сафедпӯстонро мушкиле рӯ ба густариш намедонад.

Вай, ки ҷумъа дар маросими ветои тарҳи лағви вазъияти изтирори миллӣ сухан мегуфт, дар посух ба суоли хабарнигоре дар хусуси таҳдиди нажодпарастӣ гуфт: “Фикр мекунам, мушкил танҳо дар мавриди як гурӯҳи кӯчак аст, ки дорои мушкилоти бисёр ҷиддӣ аст”.

Трамп ҳамчунин дар хусуси матлаби мунтасаб ба яке аз муҳоҷимони Зелландияи Нав, ки вайро мавриди ситоиш қарор дода буд, изҳори беиттилоӣ кард.

Ин нахустин бор нест, ки раисҷумҳури Амрико ба сабаби суханон ва аъмоли худ муттаҳам ба ташвиқ ва таҳрики гурӯҳҳои нажодпараст ва ифротӣ мешавад ва дар айни ҳол аз интиқод ва ишораи ошкор ба ангезаҳои нажодпарастона ва муҳоҷирситези онҳо парҳез мекунад.

Азҷумлаи мавориди мушобеҳ, гирдиҳамоии соли 2017 –и бартарпиндорони сафедпӯст дар иёлати Вирҷиния аст, ки Трамп ба сабаби адами маҳкумияти ошкори он, ҳадафи интиқодҳои бисёре қарор гирифт.

Расонаҳои амрикоӣ рӯзи ҷумъа бо муқоисаи ин рӯйдод бо ҳодисаи террористии ҳамла ба масоҷиди Зелландияи Нав, хатари густариши исломҳаросӣ ва нафратпароканӣ нисбат ба адён ва ақвомро ёдовар шуданд.

Фард ё афроде мусаллаҳ рӯзи ҷумъа бо ҳамла ба ду масҷид дар шаҳри Крейстчерчи Зелландияи Нав, намозгузоронро ба гулӯла бастанд. Дар ин ҳодисаи террористӣ, ки яке аз афроди муҳоҷим онро ба сурати зинда дар сафҳаи Фейсбуки худ пахш мекард, 50 тан кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳоли дастикам ду нафар аз маҷрӯҳон вахим гузориш шудааст.

Муттаҳами аслӣ Брентон Тарранти 28 сола, аҳли Австралия аст, ки пештар борҳо дар сафаҳоти маҷозии худ аз ҳузури муҳоҷирони мусалмон дар сарзаминҳои аврупоӣ ибрози хашм карда буд.

Тасвире, ки дар расонаҳо мунташир шудааст, нишон медиҳад, ки ӯ номи муҳоҷимони мусаллаҳеро, ки дар солҳои гузашта муҳоҷирон ва мусалмононро дар кишварҳое ҳамчун Шветсия ва Канада ҳадафи ҳамла қарор буданд, рӯйи силоҳи худ ҳаккокӣ карда буд.

 

Барчасп