Ҳазрати Алӣ - падари рӯҳонии уммати Ислом аст
Рӯҳонии барҷастаи аҳли суннати Покистон муътақид аст, имрӯз дар ҷомеаи исломӣ ниёзи шадиде ба табйини шахсияти ҳазрати Алӣ (раз.), бавижа дар ҷойгоҳи ҳамсар ва падар вуҷуд дорад, зеро эшон падари рӯҳонии уммати Ислом ба шумор меравад.
Муфтӣ Гулроз Аҳмад Наимӣ, раиси гурӯҳи “Ҷамоати аҳли ҳарам”-и Покистон рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИРНА афзуд, ҳазрати Алӣ (раз.) аз ҳамон даврони хилофат на танҳо сарпарасти ҷомеаи исломӣ буданд, балки ба унвони падари дилсӯзи мардум низ шинохта мешуданд. Ӯ афзуд, шахсияти меҳрубон ва нуронии амирулмуъмнин эшонро ба падари рӯҳонии мусалмонон табдил кард ва авлоди мутаҳҳари эшон низ ба унвони роҳнамоёни рӯҳонии уммати роҳи эшонро идома доданд.
Ин рӯҳонии аҳли суннати Покистон аз ҳазрати Алӣ (раз.) ба унвони сарпараст ва муҳофизи уммати Ислом ёд карда гуфт, ҳазрати Алӣ (раз.) тамоми зиндагии худро сарфи адолат, баробарӣ ва пайгирии ҳуқуқи қишри заифи ҷомеа карданд ва падари воқеии ятимон, мустамандон ва бесарпарастон буданд.
Муфтии Гулроз Аҳмад Наимӣ “Наҳҷ-ул-балоға”-ро роҳгушои масоили уммати исломӣ донист ва таъкид кард, миллатҳои сулҳдӯст, бавижа ҷомеаи мусалмонон бояд аз дастуроти ҳазрати Алӣ (раз.) пайравӣ кунанд.