Март 20, 2019 19:35 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашни Наврӯз дар Украина

Маросими ҷашни муштараки Наврӯз бо ҳамкории сафоратхонаҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯз дар пойтахти Украина баргузор шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, ин маросим бо ҳамкории сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Украина, шаҳрдории Киев, бархе муассисоти фарҳангии Украина ва сафоратхонаҳои кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯз баргузор шуд.

Дар ин маросим, фарҳанг ва одоби эрониён дар Наврӯз ва низ намунаҳое, аз саноеи дастии ин кишвар ба ширкаткунандагон муаррифӣ ва мусиқии суннатӣ ва мусиқиҳои маҳаллии эронӣ низ иҷро шуд.

Иди Наврӯз ҷашне бо решаи эронӣ аст, ки камаш дар 12 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта мешавад ва дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ироқ ва Олбонӣ бо номи Наврӯз таътили расмӣ аст.

Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид 23 феврали 2010 бо тасвиби қатъномае 21 мартро дар чорчуби моддаи 49 Маншури Миллали Муттаҳид таҳти унвони фарҳанги сулҳ ба унвони "рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" номгузрӣ кард.

Барчасп