Март 21, 2019 17:18 Asia/Dushanbe
  • Имрон Хон, Наврӯз мазҳари қудрат ва якпорчагии кишварҳои минтақа аст

Нахуст вазири Покистон гуфт, Наврӯз мазҳари қудрат ва якпорчагии кишварҳои минтақа аст ва бояд онро ба унвони як суннати пасандида ҳифз кард.

Имрон Хон нахуст вазири Покистон дар як паёми твиттерӣ Наврӯзро ба мардуми Покистон ва саросари ҷаҳон табрик гуфт.

Вай афзуд, Наврӯз мазҳари қудрат ва якпорчагии кишварҳои минтақа аст ва бояд онро ба унвони як суннати пасандида ҳифз кард.

Хон ибрози умедворӣ кард ҷашни Наврӯз битавонад баробарӣ, бародарӣ ва амниятро барои Покистон ва кишварҳои минтақа ба армағон оварад.

Имрӯз дар саросари Покистон ба муносибати нахустин рӯзи баҳор ҷашни Наврӯз барпо мешавад ва мардуми минтақаҳои мухталиф бо одоб ва русуми хосси худ ин рӯзро ҷашн мегиранд.

Баргузории маросими дуо ва пухтани ғизоҳои вижа аз ҷумла русуми мардуми Покистон барои баргузории ҷашни Наврӯз аст.

Ҳамзамон бо баргузории ҷашни Наврӯз дар бештари минтақаҳои Покистон ва Ҳинд мардуми Афғонистон ва Осиёи Марказӣ ҳамчунин  Эрон низ иди  Наврӯзро ҷашн мегиранд.

 

Барчасп