Март 23, 2019 16:26 Asia/Dushanbe
  • Нишасти сеҷонибаи Амрико, Русия ва Чин дар бораи Афғонистон

Нишасти намояндагони Амрико, Русия ва Чин дар бораи раванди сиёсӣ ва сулҳи Афғонистон бидуни ҳузури намояндаи ин кишвар ба муддати 2 рӯз дар Вашингтон баргузор шуд.

Ба нақл аз ИРНО, дафтари сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико ҷумъашаб ба вақти маҳаллӣ эълом кард, намояндагони ин кишвар, Чин ва Русия дар рӯзҳои 21 то 22 марти 2019 дар Вашингтон дар бораи вазъияти кунунии раванди сулҳи Афғонистон ва талошҳои муштарак ба манзури овардани сулҳ, рифоҳ ва амният ба ин кишвар гуфтугӯ карданд.

Намониядагони Амрико, Чин ва Русия бар эҳтиром ба ҳокимия, истиқлол ва тамомияти арзии Афғонистон ва низ ҳаққи ин кишвар барои тасмимгириҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодии худ таъкид карданд.

Ин се кишвар аз идомаи талошҳои муштарак ва ҳамоҳанг дар раванди сулҳи Афғонистон ва анҷоми гуфтугӯҳои бештар дар ин замина ҳимоят карданд, ки таъриъу маҳалли нишастҳои оянда аз тариқи каналҳои депломатики таъиншуда эълом хоҳад шуд.

Вашингтон дар ҳоле мизбони нишаст дар бораи раванди сулҳ дар Афғонистон аст, ки худ омили бесуботӣ дар ин кишвар ба ҳисоб меояд.

Ҳаҷда сол аз ҳамлаи неруҳои низомии Амрико ба Афғонистон ба баҳонаи эҷоди амният ва хуруҷи неруҳои террористӣ аз ин кишвар мегузарад, аммо бар асоси охирин омор на танҳо дар Афғонистон ҳеҷ субот ва амнияте ба даст наёмадааст балки ин кишвар дар ноамнии комил ба сар мебарад.

 

Барчасп