Вуқӯи инфиҷори ваҳшатнок дар пойтахти Шветсия
(last modified Wed, 27 Mar 2019 09:55:48 GMT )
Март 27, 2019 14:55 Asia/Dushanbe
  • Вуқӯи инфиҷори ваҳшатнок дар пойтахти Шветсия

Манобеи маҳаллии Шветсия аз инфиҷоре муҳибу даҳшатнок дар ғарби шаҳри Стокголм, пойтахти ин кишвар ва захмӣ шудани чанд нафар хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, манобеи маҳаллии Шветсия эълом карданд, инфиҷор соати 1 бомдод (ба вақти маҳаллӣ) -и чаҳоршанбе дар ғарби Стокголм рух дод ва ҳаддиақал панҷ захмӣ, азҷумла як афсари полис бо ҷароҳатҳои сатҳӣ ба бемористон муроҷиа карданд.

Бинобар гузориши полиси Стокголм, шаҳрвандон дар минтақаи Винста, ғарби ин шаҳр, нимашаб чандин садои инфиҷорро гузориш дода буданд ва бо расидани рӯз, мушаххас шуд, ки ба чанд мошин, фурӯшгоҳ ва хона осеб расидааст.

Ҷузъиёти бештаре аз ин хабар мунташир нашудааст.