Март 31, 2019 19:43 Asia/Dushanbe
  • Оғози нишасти сарони Иттиҳодияи Араб бо ҳошияҳои пуррангтар аз матн

Сиюмин нишасти оддии сарони Иттиҳодияи Араб дар ҳоле дар Тунис оғоз шуд, ки ҳошияҳои ин нишаст бар матни он соя афкандааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, сиюмин нишасти оддии сарони Иттиҳодияи Араб рӯзи якшанбе дар Тунис дар ҳоле оғоз шуд, ки ҳудуди ниме аз раҳбарони кишварҳои арабӣ дар он ғоиб ҳастанд. Умар Албашир, раисҷумҳури Судон ва Абдулазиз Бутафлиқа, раисҷумҳури Алҷазоир, Султон ибни Қобӯс, подшоҳи Уммон, Ҳамд ибни Исо оли Халифа, подшоҳи Баҳрайн, Муҳаммади Шашум, шоҳи Мағриб ва Халифа ибни Зоид, раиси Аморот аз ғоибони бузурги сиюмин иҷлоси сарони Иттиҳодияи Араб дар Тунис ҳастанд. Ҳамчунин ба гузориши радиои Тунис, Шайх Тамим ибни Ҳамд Ассонӣ, амири Қатар пас аз суханронии дабири кулли Иттиҳодия Араб ва Албоҷӣ Қоид Ассибсӣ, раисҷумҳури Тунис фавран толори иҷлосро тарк кард, дар ҳоле ки қарор буд, вай  дар ин нишаст суханронӣ кунад.

 Ҳанӯз ҳеҷ тавзеҳе дар бораи далели иқдоми амири Қатар эълом нашудааст.

Дар нишасти Тунис ҳозирон бо иддаои Амрико дар бораи Ҷавлони Сурия мухолифат карданд ва таъкид карданд, ки баландиҳои Ҷавлон бахши ишғолшуда аз хоки Сурия аст. Ҳамчунин дар ҳоле ки Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Саудӣ дар суханронии худ дар нишасти Тунис ба такрори иддаои зиддиэронӣ мабнӣ бар ҳимояти Эрон аз терроризм пардохт, Шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ, амир Кувейт таъкид кард, кишвараш ба равобити дӯстона ва ҳамкорӣ бо Эрон бар пояи эҳтиром ба ҳокимияти кишварҳо ва ҳусни ҳамҷаворӣ тамоил дорад.