Апрел 02, 2019 18:17 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои қонуни ҷадиди муҳоҷират дар Ҷопон

Дар авҷи камбуди шадиди нирӯи кор дар Ҷопон қонуни бозбинишудаи муҳоҷират дар ин кишвар иҷроӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, бар асоси қонуни ҷадиди муҳоҷират дар Ҷопон, ки аз рӯзи душанбе, аввали апрел иҷроӣ шуд, коргарони хориҷие, ки маҳоратҳои хосе дошта бошанд, метавонанд ба муддати панҷ сол барои кор ба ин кишвар муҳоҷират кунанд. Ин маҳоратҳо 14 замина, аз ҷумла парасторӣ, сохтмонсозӣ ва кишоварзиро шомил мешаванд.

Давлати Ҷопон тахмин мезанад, ки дар тӯли як давраи панҷсола ҳудуди 345 ҳазор коргар ба Ҷопон муҳоҷират мекунанд.

Ҷопон бо таваҷҷуҳ ба афзоиши шумори солмандон ва мизони поини рушди ҷамъият худ бо камбуди шадиди нерӯи кор рӯ ба рӯ аст.

 

Барчасп