Апрел 03, 2019 17:51 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Абдуллоҳ Абдуллоҳ бар баргузории интихоботи одилона дар Афғонистон

Раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон аз тамоми ниҳодҳои давлатӣ хост, бо комиссияҳои интихоботӣ барои баргузории интихоботи озод ва одилона ҳамкорӣ кунанд.

Ба гузориши “Тасним”, Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи сешанбе дар нишасти Шӯрои вазирони Афғонистон, ҳамчунин гумоназаниҳо дар бораи ташкили давлати муваққат дар Афғонистонро шойеа хонд ва гуфт, ташкили давлати муваққат ба нафъи мардум нест.

Ин мақоми баландпояи давлати Афғонистон ба баргузории музокироти сулҳ миёни Толибон ва Амрико ишора кард ва афзуд, ҳар гуна музокираи сулҳ бояд бо ҳузури тамомии тарафҳои даргир дар ҷанги Афғонистон анҷом гирад ва мардум низ дар таъйини сарнавишти худ саҳми муҳиме доранд.

Бархе аз ҷараёнҳои сиёсӣ дар моҳҳои гузашта борҳо мавзӯи ташкили давлати муваққат дар Афғонистонро матраҳ карданд, ки вокуниши тунди Ашрафғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳро дар пай доштааст.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон пас аз ду навбат вақфа, авохири сентябр баргузор хоҳад шуд.

 

 

Барчасп