Апрел 03, 2019 18:28 Asia/Dushanbe
  •  Вашингтон: Маскав танҳо таҳдиди ҷиддӣ барои Амрико аст

Раиси Ситоди артиши Амрико бо ишора ба қудрати таслиҳоти атомии Русия муддаӣ шуд, ки ин кишвар танҳо таҳдиди мавҷудияти феълӣ барои Амрико аст.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, генерал Марк Миллей, раиси Ситоди артиши Амрико рӯзи сешанбе муддаӣ шуд, Русия танҳо кишваре дар ҷаҳон аст, ки таслиҳоти атомии лозим барои нобудии Амрикоро дар ихтиёр дорад, пас танҳо таҳдиди ҷиддӣ барои Вашингтон аст.

Генерал Миллей афзуд, тавонмандиҳои Русия ба маънои тамоюли Маскав барои иҷрои амалиёти низомӣ алайҳи Амрико нест.

Ин мақоми аршади низомии Амрико ҳамчунин муддаӣ шуд, ки Русия талош хоҳад кард то Созмони Паймони Атлантики Шимолии НАТО -ро тазъиф кунад то қудрати пешини худро боз ёбад.

Ин дар ҳолест, ки раиси Ситоди артиши Амрико ба густариши систематикии НАТО дар манотиқи Аврупои марказӣ ва шарқӣ ва ҳамчунин тақвияти ҳузури низомии ин созмон дар Полша, Руминия ва дарёи Балтика баъд аз оғози буҳрони Украина ё истиқрори бахшҳое аз сомонаҳои сипари мушакии Амрико дар манотиқи мухталифе аз Аврупо ҳеҷ ишорае накард.

Бо ин ҳол,Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико низ ибрози умедворӣ карда буд, ки Русия ба таҳдиди амниятӣ барои Амрико табдил нашавад.

 

Барчасп