Талаби бахшиш - охирин иқдоми раисҷумҳуре, ки 20 сол дар қудрат буд
Раисҷумҳури Алҷазоир, ки пас аз эъломи омодагӣ барои панҷумин номзадӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ бо эътирозоти густурда рӯ ба рӯ шуд, аз мардуми кишвараш талаби бахшиш кард ва истеъфо дод.
Ба гузориши ИРНА, Абдулазиз Бутафлиқа сешанбешаб расман истеъфои худро таслими Шӯрои қонуни асосии Алҷазоир кард ва ин шӯро низ имрӯз - чаҳоршанбе бо дархости Бутафлиқа мувофиқат кард.
Вай дар паёме, ки хабаргузории расмии Алҷазоир рӯзи чаҳоршанбе мунташир кард, аз ҳамаи мардон ва занони алҷазоирӣ хост, ӯро ба хотири иштибоҳоташ дар тӯли даврони раёсати ҷумҳуриаш бубахшанд ва аз кӯтоҳиҳои ӯ дар калом ва амал даргузаранд.
Бутафлиқаи 82 сола, ки соли 2013 дучори сактаи мағзӣ шуда ва вазъи ҷисмонии хубе надорад, моҳи феврал эълом кард, барои панҷумин бор паёпай дар интихоботи раёсатҷумҳурии Алҷазоир номзад мешавад.
Эъломи ин хабар мавҷе аз эътирозҳоро дар Алҷазоир ба роҳ андохт ва боис шуд Бутафлиқа дар тасмими худ таҷдиди назар кунад.
Аҳзоби мухолифи давлат муътақид буданд, Бутафлиқа ба далели синни боло ва беморӣ наметавонад кишварро идора кунад.
Интихоботи раёсати ҷумҳурии Алҷазоир қарор буд 18 апрели соли 2019 баргузор шавад, ки бо канорагирии Бутафлиқа аз номзадӣ, ин интихобот ба таъхир афтод.
Бар асоси моддаи 102 –и қонуни асосии Алҷазоир, дар сурати истеъфои раисҷумҳур аз мақомаш, раиси маҷлис ба муддати 90 рӯз ӯҳдадори ин мақом хоҳад шуд.
Канорагирии раисҷумҳури Алҷазоир аз қудрат бо истиқболи мардуми ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст.