Сел дар Афғонистон ба 163 ҳазор нафар осеб расондааст
(last modified Fri, 05 Apr 2019 12:02:10 GMT )
Апрел 05, 2019 17:02 Asia/Dushanbe
  • Сел дар Афғонистон ба 163 ҳазор нафар осеб расондааст

Созмони Милал дар гузорише эълом кард, ки боришҳои шадид ва ҷорӣ шудан сел дар Афғонистон ба 163 ҳазор нафар осеб расондааст.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Дафтари ҳамоҳангии кумакҳои башардӯстонаи Созмони Милал дар гузорише эълом кард, ки ҷорӣ шудани сел дар Афғонистон дар ҳафтаи ахир дастикам 80 кушта ва 42 ҳазор овора дар шимоли ин кишвар бар ҷо гузоштааст.

Сел дар вилоятҳои Форёб, Ҷузҷон, Сари Пул ва Балх дар шимол ва Ҳироту Бодғис дар ғарби Афғонистон хисороти зиёде ба бор овардааст.

Бар асоси ин гузориш, аз оғози соли 2019 то кунун сел зиндагии беш аз 163 ҳазор нафарро дар саросари Афғонистон дучори мушкил кардааст.

21 вилоят аз 34 вилояти Афғонистон дар муқобили сел ва рониши замин аз осебпазирии бештаре бархурдоранд ва дар вилоятҳои шарқӣ ва шимолу шарқи ин кишвар хатари чунин ҳаводисе бештар аст.

Наҷиб Оқо Фаҳим, вазири умури расидагӣ ба ҳаводиси табиии Афғонистон гуфтааст, ки 141 нафар дар селобҳои ахири ин кишвар кушта ва 27 ҳазор хона низ тахриб шудааст.