Ақибнишинии Амрико дар баробари ҳушдорҳои Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i42974-Ақибнишинии_Амрико_дар_баробари_ҳушдорҳои_Эрон
Як рӯз пас аз ин, ки Ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард, неруҳои амрикоии мустақар дар ғарби Осиёро террорист қаламдод мекунад Вазорати дифои Амрико гуфт, Эрон таҳдиди фаврӣ барои Амрико нест.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Апрел 10, 2019 08:41 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии Амрико дар баробари ҳушдорҳои Эрон

Як рӯз пас аз ин, ки Ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард, неруҳои амрикоии мустақар дар ғарби Осиёро террорист қаламдод мекунад Вазорати дифои Амрико гуфт, Эрон таҳдиди фаврӣ барои Амрико нест.

Ребека Ребарич сухангӯи Вазорати дифои Амрико таъкид кард, Пентагон Эронро таҳдиде қарибулвуқуъ намедонад. Пеш аз он ва дар паи қарор гирифтани номи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар рӯйхатти гуруҳҳои террористии Вазорати умури хориҷаи Амрико, Эрон эълом кард аз ин пас фармондеҳии марказии артиши Амрико-Сентекам ва неруҳои амрикоии мустақар дар ғарби Осиёро террорист қаламдод хоҳад кард.

Ин тасмим нигаронӣ аз иқдомоти мутақобили Эрон дар баробари иқдоми бесобиқаи давлати Амрико дар террорист эълом кардани сохтори низомии як кишвари узви Созмони Миллалро дар пай дошт. Ин нигаронӣ аз онҷо нашъат мегирад, ки пойгоҳҳои низомӣ ва даҳҳо ҳаазор низомии амрикоӣ дар минтақа дар тирраси неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон қарор доранд ва ҳаргуна иқдоми хасмона алайҳи сипоҳ, посухи шадиди Эронро дар пай хоҳад дошт, онҳам дар ҳоле ки Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико борҳо аз 7 трилион доллар ҳазинаи ҷангҳои ин кишвар дар Ироқ ва Афғонистон интиқод кардааст.

Аз ин ру қобили интизор буд, ки иттихози мавзеъи муҳкам ва намоиши ваҳдати миллӣ дар Эрон дар ҳимоят аз Сипоҳи посдорон амрикоиҳоро аз мавозеъи аввалияи худ ақиб биронад. Бо ин ҳол идомаи ихтилофи назарҳо дар дохили Амрико низ дар эъломи назари ахири Пентагон мабнӣ бар ин ки Эронро таҳдиди қарибул вуқуъ қаламдод намекунад, муассир будааст.

Расонаҳои амрикоӣ пеш аз ин эълом карда буданд, ки Пентагон ва CIA аз ибтидо бо қарор додани номи сипоҳ дар руйхатти гуруҳҳои террористӣ ба далели нигаронӣ аз посухи мутақобили Эрон мухолифат карда буданд. Ин мухолифатҳо сабаб шуда буд, ки чандин бор талоши Кохи Сафед чи дар замони раёсат ҷумҳурии Борак Обама ва чи дар замони раёсат ҷумҳурии Доналд Трамп бенатиҷа бимонад. Аммо гуё бо тағйири таркиби тими амнияти милии давлати Трамп ва ҳузури афроди ифротӣ ва ҷангталаб  ҳамчун Майк Помпео дар мақоми Вазорати умури хориҷаи ва Ҷон Болтон дар мақоми мушовири амнияти миллӣ, дар ниҳоят раиси ҷумҳури Амрико иқдом алайҳи Сипоҳи посдоронро пазируфтааст.

Бо ин ҳол ин руйкарди зиддиамниятии раиси ҷумҳури Амрико бо муқовиматҳое дар дохили ин кишвар ру ба ру шудааст. Неруҳои амалиётии  низомӣ-иттилоотии амрикоии ҳозир дар минтақа ва мақомоти мофавқи онон дар Вашингтон ба маротиб беш аз раиси ҷумҳурӣ ё мушовирони тундрави вай, ки дар пайи баҳрабардориҳои сиёсӣ-интихоботӣ аз ин мавзӯъ ҳастанд, мухотироти ин тасмимро ламс мекунанд.

Аз ин ру ба назар мерасад дар иҷрои баёнияи ахири Кохи Сафед алайҳи сипоҳ таъаллул кунанд ё ҳаддиақал талоши намоянда бо изҳороте эҳтимоли бархурди низомӣ миёни Эрон ва Амрикоро коҳиш диҳанд. Зеро ба гуфтаи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ даврони "бизан ва дуруӣ"-и гузашта ва ҳар иқдоми хасмонаи амрикоиҳо  бо посухи котеъ ва мутақобили Эрон ру ба ру хоҳад шуд.

Венди Шерман муовини вазири умури хориҷаи Амрико дар давлати Борак Обама низ бо таъкид бар чунин воқеъияте мегуяд, бо дар назар гирифтани як артиши хориҷӣ ба унвони созмоне террористӣ мо неруҳои худро ба вижа дар Ироқ дар ҳамсоягии Эрон дар маърази хатар қарор медиҳем.