Июл 20, 2016 20:23 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти музокироти сулҳи Яман ба нуқтаи сифр

Сухангӯи ҳайати Ансоруллоҳи Яман таъкид кард, музокироти сулҳи Яман дар Кувейт ба нуқтаи сифр бозгаштааст.

Ба гузориши шабакаи хабарии "Алмаёдин", Муҳаммад Абдуссалом, сухангӯи ҳайати Ансоруллоҳи Яман дар музокироти рӯзи чаҳоршанбе гуфт: "Арабистони Саудӣ дар раванди музокироти сулҳ дар Яман коршиканӣ мекунад ва ин музокирот ба нуқтаи сифр бозгаштааст".

Абдуссалом таъкид кард, ҳайати Санъо роҳҳалли сиёсиеро ки дарбардорандаи ҳузури Абдурабеҳ Мансури Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии мустаъфии Яман дар қудрат бошад, қабул намекунад.

Раиси ҳайати Ансоруллоҳи Яман дар музокирот гуфт: "Дар сурате ки Арабистон ба сангандозиҳо дар раванди музокирот барои ҳалли буҳрон идома диҳад, нерӯҳои яманӣ низ ба тавофуқоти анҷомшуда пойбанд намемонанд". 

Пойгоҳи хабарии "Алаҳд" низ аз инфиҷор дар як маркази амниятӣ дар минтақаи "Шайх Усмон" дар шаҳри Адан, дар ҷануби Яман хабар дод. Бар асари ин инфиҷор чаҳор тан аз нерӯҳои амниятии Яман кушта ва шаш нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. 

 

Барчасп