Эътирофи мақоми амрикоӣ ба иттиҳод бо Арабистон зиди Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i43024-Эътирофи_мақоми_амрикоӣ_ба_иттиҳод_бо_Арабистон_зиди_Эрон
Раҳбари аксарияти ҷумҳурихоҳ дар маҷлиси сенои Амрико аз режими Саудӣ ба унвони яке аз муттаҳидони муҳими кишвараш алайҳи Эрон ном бурд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 12, 2019 16:36 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи мақоми амрикоӣ ба иттиҳод бо Арабистон зиди Эрон

Раҳбари аксарияти ҷумҳурихоҳ дар маҷлиси сенои Амрико аз режими Саудӣ ба унвони яке аз муттаҳидони муҳими кишвараш алайҳи Эрон ном бурд.

Ба гузориши хабаргузории Рейтер, Митч Макконнелл, раҳбари аксарияти ҷумҳурихоҳ дар маҷлиси сенои Амрико гуфт: Яқинан он чи дар бораи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ иттифоқ афтод, бисёр зананда ва ғайри қобили қабул буд. Аз тарафи дигар, Арабистони Саудӣ ҷузви муҳиммтарин муттаҳидони мо алайҳи эрониҳо аст. Бинобар ин ёфтани муносибтарин посух душвор аст.

Ин мақоми амрикоӣ афзуд: Ҳанӯз дар талош барои ёфтани беҳтарин равиши посух ба кушта шудани Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ аст.

Ҷамол Хошуқҷӣ, дувуми октябри 2018 дар дохили консулгарии Арабистон дар Истамбул Туркия ба таври фаҷеъ ба қатл расид.

Ниҳодҳои иттилоотӣ, аз ҷумла Ожонси иттилооти марказии Амрико гузориш доданд, ки ин қатл бо дастури Бин Салмон валиаҳди Саудӣ анҷом гирифтааст.

Аммо давлати Амрико ҳозир нест дар ҳимояти худ аз валиаҳди Саудӣ бознигарӣ кунад ва ӯро дар баробари ин ҷиноят посухгӯ созад.