Апрел 13, 2019 15:01 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори дигари террористӣ дар иёлати Балучистони Покистон

Бар асари инфиҷори террористӣ дар наздикии марзи Чамани иёлати Балучистони Покистон як нафар кушта шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” аз Исломобод, бар асари инфиҷори террористии рӯзи шанбе дар марзи Чаман, дар наздикии марзи Афғонистон 13 нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Пизишкон ҳоли бештари захмиҳоро вахим гузориш карданд, бинобарин мумкин аст шумори куштаҳо афзоиш ёбад.

Дирӯз, ҷумъа низ бар асари инфиҷори бомба дар майдони мевафурушии шаҳри Кувайта, маркази иёлати Балучистон, 20 нафар кушта ва ҳудуди 50 нафари дигар захмӣ шуданд.

То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорҳои террористиро бар ӯҳда нагирифтааст .

Иёлати Балучистон аз иёлатҳои ноамни Покистон аст, ки гурӯҳҳои террористӣ, азҷумла ҷамоати Алаҳрор, Сипоҳи Саҳоба ва Лашкари Ҷаҳнгӯй дар он фаъол ҳастанд.

 

 

Барчасп