ДОИШ масъулияти ҳамлаи террористӣ дар Кветтаи Покистонро бар ӯҳда гирифт
(last modified Sun, 14 Apr 2019 06:33:54 GMT )
Апрел 14, 2019 11:33 Asia/Dushanbe
  • ДОИШ масъулияти ҳамлаи террористӣ дар Кветтаи Покистонро  бар ӯҳда гирифт

Манобеи хабарии Покистон шанбешаб эълом кард: Гурӯҳи террористии ДОИШ, масъулияти ҳамлаи террористии ахир дар шаҳри Кветтаи Покистонро бар ӯҳда гирифтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, гурӯҳи такфирӣ-террористии ДОИШ тасвире аз як террористи интиҳориро мунташир кард ва эълом карда, ки ӯ шиаёни ҳазора дар Кветтаро ҳадаф қарор дродааст.

  Ҳамлаи интиҳории рӯзи ҷумъа дар бозори мева ва тарабори шаҳри Кветта дастикам 20 кушта бар ҷой гузошт.

Танҳо соатҳо пас аз ин ҳамла, инфиҷоре дигар дар минтақаи марзии Чамани иёлати Балучистон ба вуқӯъ пайваст, ки дар пайи он низ ду тан куштаву 10 нафари дигар захмӣ шудаанд.

ДОИШ  дар гузашта низ ҳамлаҳои мутааддиде алайҳи шиаён дар шаҳрҳои Кветта ва Карочӣ анҷом додааст.

Барчасп