Апрел 14, 2019 12:53 Asia/Dushanbe
  • Бузургтарин ҳавопаймои ҷаҳон дар Амрико ба парвоз даромад

Ширкати амрикоии Стратоланч (stratolaunch) аз нахустин парвози озмоишии бузургтарин ҳавопаймои ҷаҳон бар фарози иёлати Калифорнияи Амрико хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Франс Пресс, ширкати амрикоии  Стратоланч (stratolaunch) аз нахустин парвози озмоишии бузургтарин ҳавопаймои ҷаҳон бар фарози иёлати Калифорнияи Амрико хабар дод.

Ҳавопаймои Стратоланч соати 6:58 дақиқаи рӯзи шанбе ба вақти маҳаллӣ (13:58 ба вақти Гринвич) аз фурудгоҳ ва маҳалли партоби сафинаҳои фазоӣ дар саҳрои Моҷова (Mojave) дар иёлати Калифорнияи Амрико аз замин бархост ва ба муддати дувуним соат дар осмон монд.

Паҳнои боли ҳавопаймои ғулпайкари Стратоланч ба 117 метр мерасад. Дар ҳоле, ки тӯли болҳои Аэробус A380, ки то кунун бузургтарин ҳавопаймои тиҷории ҷаҳон буда, 79 метр аст.

Ин ҳавопаймои аҷиб, дорои ду бадана ва шаш мотори модели Боинг 747 аст.

Ин ҳавопаймои ғулпайкар аз лиҳози назарӣ қарор аст ба манзури қарор додани моҳвораҳо дар мадор, мушакҳои кӯчакеро ҳамл ва сипас ба фазо партоб кунад.

 

Барчасп