Апрел 16, 2019 15:01 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими Луйа Ҷиргаи сулҳи Афғонистон тавассути ду рақиби интихоботии Ашраф Ғанӣ

Ду тими интихоботии “Сулҳ ва эътидол” ба раҳбарии Ҳаниф Атмар, мушовири собиқи амнияти миллии Афғонистон ва тими интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии кобина, нишасти Луйа Ҷиргаи машваратии сулҳро таҳрим карданд.

Тими интихоботии “Сулҳ ва эътидол”- и Афғонистон эълом кард, касе ба намояндагӣ аз тими интихоботӣ ё аҳзоб ва ҷараёнҳои узви он дар нишасти Луйа Ҷиргаи машваратии сулҳ ширкат нахоҳад кард.

Пештар ҳам тими интихоботии “Субот ва ҳамгироӣ” ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон эълом карда буд, чун аъзои тими интихоботии вай пеш аз ин ба нишасти Луйа Ҷиргаи машваратии сулҳ даъват нашуда буд, аз ширкат дар он худдорӣ хоҳад кард ва муътақид аст, ин нишаст ба ҳалли мушкилоти мавҷуд дар Афғонистон, азҷумла барқарории сулҳ ва таъмини амният кумаке нахоҳад кард.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ҳам гуфта буд, ҳар иқдоме ба номи Луйа Ҷиргаи машваратии сулҳ, ки таҳтм ишғолм Амрико баргузор шавад, натоиҷи он мутобиқи назари амрикоиҳо хоҳад буд ва ба ҳамин далел дар чунин нишастҳое ширкат нахоҳад кард.

Нишасти серӯзаи Луйа Ҷиргаи машваратии сулҳ бо ҳузури ду ҳазору 500 нафар аз намояндагони мардуми Афғонистон 29 апрел дар ин кишвар баргузор хоҳад шуд.

Таҳрими Луйа Ҷиргаи машваратии сулҳ аз сӯйи ду тими интихоботии рақиби Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон ҳокӣ аз он аст, ки аз нигоҳи онон Ашраф Ғанӣ қасд дорад аз ин иҷлос дар ростои таҳаққуқи бахше аз манофеи фардӣ, бахусус созукоре барои таблиғоти интихоботӣ истифода кунад ва асосан дар ҳоли ҳозир бино ба мулоҳизоти мухталиф баргузории Луйа Ҷирга таъсире дар раванди сулҳи ин кишвар нахоҳад дошт.

Бахше аз мавзеи ду тими интихоботии рақиби Ашраф Ғанӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ барои таҳрими Луйа Ҷирга он аст, ки вай қасди баҳрабардории сиёсӣ ва интихоботӣ аз ин иҷлос дар остонаи интихоботро дорад ва аз сӯйи наздикони раисҷумҳурии Афғонистон рад шудааст.

Наздикии замони баргузории Луйа Ҷиргаи машваратии сулҳи Афғонистон бо замони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ин гумонро барои руқабои Ашраф Ғанӣ ба вуҷуд оварда, ки вай қасд дорад аз ин иҷлос ба унвони фурсате барои матраҳ кардани худ дар байни бузургон ва шахсиятҳои ширкаткунанда ва ҳамчунин афкори умумии ин кишвар ба унвони талошгари сулҳ муаррифӣ кунад.

Ҷаъфар Расулӣ, пажӯҳишгари равобити байналмилал дар Куинз Коллеҷи Ню-Йорки Амрико дар гуфтугӯ бо сайти “Иттилоот” -и Афғонистон мегӯяд, Арги раёсатҷумҳурӣ мехоҳад сухани худро аз маҷрои Луйа Ҷирга баён кунад. Луйа Ҷирга дар ин мақтаи замонии хос танҳо заминасози таблиғот ба нафъи Ғанӣ мешавад.

Аммо бахши дувуми иллати таҳрим ё адами ҳузури ду тими интихоботӣ ба раҳбарии Атмар ва Абдуллоҳ дар нишасти Луйа Ҷиргаи сулҳ, ки ба масъалаи бесоирии ин иҷлос дар раванди сулҳ ба далели шароити мавҷуд ишора шудааст, аз мантиқи қобили қабул табаият мекунад.

Шикасти гуфтугӯҳои сулҳ байни Амрико ва Толибон бо вуҷуди баргузории панҷ даври музокира байни онон ва тақобули лафзии ду тараф дар ташдиди ҳамалот зидди якдигар дар ҷанги Афғонистон ва ҳамчунин таъкиди дубораи Толибон бар адами музокира бо давлати Афғонистон, шароитеро шакл додааст, ки чашмандози пайвастани ин гурӯҳ ба раванди сулҳ ва гуфтугӯ бо давлати Кобулро бо ибҳоми бисёре мувоҷеҳ кардааст.

Ба ҳамин далел аст, ки дар байни маҳофили сиёсӣ ва расонаии Афғонистон умеди чандоне ба асарбахшии Луйа Ҷиргаи машваратии сулҳ вуҷуд надорад.