Апрел 18, 2019 20:48 Asia/Dushanbe
  • Номзади интихоботи Амрико: Трамп хидматгори Арабистон аст

Номзади муқаддамотии интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико тасреҳ кард, раисиҷумҳури кунунии ин кишвар бо ветои қатъномаи поёни ҳимоят аз ҷанги Яман собит кард, ки хидматгори саудиҳо аст.

Ба гузориши Форс, Тулси Габбард(Tulsi Gabbard), яке аз номзадҳои рақобатҳои муқаддамотии демократҳо барои интихоботи раёсатҷумҳурии 2020-и Амрико, дар сафҳаи “Твиттер”-м худ навишт: Доналд Трамп бо ветои лоиҳаи «қонуни ихтиёроти ҷанг» бори дигар собит кард, ки хидмангони Арабистони Саудӣ аст.

Вай афзуд: Арабистон режими диктатор аст, ки миллиардҳо доллар барои гурӯҳҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон ҳазина мекунад ва бо кӯмаки Амрико дар Яман, наслкушӣ роҳ андохтааст.

Лоиҳаи ихтиёроти ҷанг, дар моҳи апрел дар Маҷлиси намояндагон ва дар моҳи март дар Сенат тасвиб шуд.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико сешанбеи гузашта ин мусаввабаи Конгрессро, ки мӯҷиби таваққуфи ҳимояти низомии Амрико аз эътилофи мутаҷовизи Саудӣ дар ҷанги Яман мешуд, вето кард.

 

Барчасп