Авфи коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик роҳи ҳалли мушкил нест
https://parstoday.ir/tg/news/world-i43180-Авфи_коргарони_муҳоҷири_ихроҷии_тоҷик_роҳи_ҳалли_мушкил_нест
Раиси Шурои назорати Пажуҳишгоҳи умури аҳолӣ,муҳоҷират ва рушди минтақаҳои Русия муътақид аст, ки афви коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик аз қаламрави ин кишвар роҳи ҳалли мушкили ин ашхос нест.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 20, 2019 10:53 Asia/Dushanbe
  • Авфи коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик роҳи ҳалли мушкил нест

Раиси Шурои назорати Пажуҳишгоҳи умури аҳолӣ,муҳоҷират ва рушди минтақаҳои Русия муътақид аст, ки афви коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик аз қаламрави ин кишвар роҳи ҳалли мушкили ин ашхос нест.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Юурий Крупинов бо ишора ба дархости  Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамтои  русиаш барои авфи коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик гуфтааст, ин иқдом, ки ҳар аз чанд соле такрор мешавад, роҳи ҳалли аслии мушкили ин афрод нест чаро, ки теъдоде аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия бидуни доштани муҷавизи қонунии кор ва иқомат ба сар мебаранд ва солҳои зиёде аст дар ин кишвар ҳузур доранд. Бинобар ин дар ҳоли ҳозир ҳеҷкас наметавонад омори дақиқе аз теъдоди коргарони муҳоҷири ғайри муҷози тоҷик дар Русия ироа намояд.

Ба гуфтаи вай, албатта ҳадафи ҳукумати Тоҷикистон аз тарҳи ин дархост, коргарони ихроҷии тоҷик аз қаламрави Русия аст, ки дар кишварашон ба сар мебаранд ва аз ҳаққи вуруди  дубора ба  қаламрави Русия маҳрум ҳастанд.

Ин дар ҳоле аст, ки қавонини марбут ба ҳузури коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз ҷумла тоҷикон дар Русия амалӣ нашуда ва муҳимтарин нукта дар ин мабоҳис аҳамияти равобити Русия ва Тоҷикистон  аст. Ба гуфтаи Крупинов дар Маскав раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия дар бораи эъзоми созмонёфтаи коргарони мутахассиси тоҷик таъкид карданд. Аммо наҳваи қонунӣ ва ҳуқуқии ин тарҳ низ мушаххас нест. Ба ин далил,ки мушкили умда дар раванди муҳоҷирати коргарони  муҳоҷири тоҷик ба Русия дарёфти муҷавизи кор ва иқомати расмӣ барои ин афрод аст.