Гурӯҳи «Ҷамоати Тавҳид» - омили инфиҷорҳои террористӣ дар Шри-Ланка
(last modified Tue, 23 Apr 2019 11:13:42 GMT )
Апрел 23, 2019 16:13 Asia/Dushanbe
  • Гурӯҳи «Ҷамоати Тавҳид» - омили инфиҷорҳои террористӣ дар Шри-Ланка

Вазири беҳдошти Шри-Ланка эълом кард, бомбагузориҳои рӯзи якшанбе дар меҳмонхонаҳо ва калисоҳои ин кишвар, ки ба кушта ва захмӣ шудани садҳо нафар мунҷар шуд, тавассути гурӯҳи мавсум ба «Ҷамоати Тавҳид» тарроҳӣ ва иҷро шудааст.

Раҷита Сенаратне, вазири беҳдошти Шри-Ланка рӯзи душанбе гуфт, гурӯҳи маҳаллии мавсум ба «Ҷамоати Тавҳид» бомбагузориҳои ин кишварро созмондеҳӣ кардааст. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ин бомбагузориҳо бо кумаки як шабакаи густурдаи байналмилалӣ анҷом шудааст.

Дар силсилаи инфиҷорҳои рӯзи якшанбеи Шри-Ланка ҳудуди 290 нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 500 нафари дигар низ дучори ҷароҳатҳои мухталиф шуданд.

Дар ин инфиҷорҳо чанд калисо ва меҳмонхона дар чанд шаҳри Шри-Ланка ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ин инфиҷорҳо дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳазорон нафар дар ҳоли баргузории маросими ҷашнҳои «Иди пок» буданд.

Гурӯҳи мавсум ба «Ҷамоати Тавҳид» дар соли 2004 бунёнгузорӣ шудааст ва дар Томил Ноду, нимҷазираи Ҳинд мустақар аст.

Иддаои даст доштани ин созмон дар ҳамалоти рӯзи якшанбе дар ҳоле матраҳ шуда, ки ҳанӯз ба таври расмӣ ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорҳоро бар ӯҳда нагирифтааст.

Суханони вазири беҳдошти Шри-Ланка дар муаррифии гурӯҳи «Ҷамоати Тавҳид» ба унвони омили аслии инфиҷорҳои террористӣ дар ин кишвар, пас аз он сурат гирифт, ки полиси Шри-Ланка сооте пас аз ин ҳамалот Абумуҳаммад ва Заҳрон Ҳишомро ба унвони мазнунони дахолат дар ин инфиҷорҳо боздошт кард.

Бо таваҷҷуҳ ба он ки иддао шудааст, Абумуҳаммад як моҳ пеш дар сафҳаи худ дар Фейсбук аз гурӯҳи ДИИШ ҳимоят кардааст, ин гумон тақвият шуд, ки инфиҷорҳои террористӣ дар шаҳри Коломбо шояд тавассути авомили маҳаллии ДИИШ тарроҳӣ ва иҷро шудааст.

Забир Қоури, коршиноси сиёсӣ ба «Раша Тудей» гуфт, улгуи ин ҳамалот шабоҳате ба ҳамалоти гурӯҳи шӯришии «Бабрҳои Томил» надорад.

Агарчӣ вазири беҳдошти Шри-Ланка дар бораи вобастагии гурӯҳи «Ҷамоати Тавҳид» ба гурӯҳи террористии ДИИШ изҳори назар накардааст, аммо бо таваҷҷуҳ ба ҳимояти ду мазнуни боздошт аз тариқи интишори матолибе дар дифоъ аз ин гурӯҳ дар Фейсбук, эҳтимол меравад дар мароҳили баъдии баррасиҳо тавассути давлати ин кишвар мадорик ва шавоҳиди ҷадидтаре дар бораи нақши авомили маҳаллии ДИИШ дар инфиҷорҳои террористии Шри-Ланка ба даст ояд.

Ҳамалоти террористӣ дар Шри-Ланка нишон дод, ки гурӯҳҳои ифротӣ қасд доранд густураи нуфузи худ дар ин кишвар ва дар минтақаи ҷануби Осиёро густариш диҳанд, ки ин шароит лузуми ҳамкории кишварҳои минтақа барои муқобила бо таҳдидоти террористиро беш аз гузашта дучандон мекунад.

Албатта бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ихтилофоти қавмӣ аз ҷумлаи заминаҳои мусоид барои нуфузи гурӯҳҳои ифротӣ дар кишварҳое монанди Шри-Ланка аст, ки бо ин оризаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ мувоҷеҳ ҳастанд.

Дар баёнияи Шӯрои мусулмонони Шри-Ланка зимни он ки инфиҷорҳои террористӣ дар Коломборо ба шиддат маҳкум кардааст, ба хубӣ дар бораи талоши бархе тундравҳо барои эҷоди шикоф дар миёни қавмиятҳои Шри-Ланка, ки хоҳони мухтал кардани риволи одии зиндагӣ дар ин кишвар ҳастанд, ҳушдор додааст.

Баёнияи ҳушмандонаи Шӯрои мусулмонони Шри-Ланка соате пас аз инфиҷорҳо дар Коломбо дар маҳкумияти ин ҳамалот, иқдоме муассир барои таваҷҷуҳ ба нақши ифротгароӣ ва иқдомоти гурӯҳи террористии ДИИШ аст, ки бархе бозигарони фароминтақаӣ талош доранд дар чорчӯби исломҳаросӣ онро ба мусулмонон нисбат диҳанд, ки афкор умумии ҷаҳон то кунун дар доми фиребкоронаи чунин иддаоҳои музҳике қарор нагирифтаанд.