Апрел 24, 2019 14:37 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши инфиъолии Аврупо ба иқдоми зидди эронии нави давлати Трамп

Иқдоми зидди эронии нави давлати Трамп дар тамдид накардани муъофиятҳои хариди нафти Эрон, ки бо ҳадафи фишорҳо ба Теҳрон сурат гирифта, вокуниши инфиолии аврупоиҳоро дар пай доштааст.

Иттиҳодияи Аврупо аз иқдоми Амрико дар тамдид накардани муофиятҳои хариди нафти Эрон аз таҳримҳо, сирфан ибрози таъассуф кард. Маҷа Касиҷансис сухангӯи Федерика Могеринӣ масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба хабаргорон гуфт, Брюссел аз эъломияи Вашингтон бар асоси тамдид нашудани муофиятҳои марбут ба хариди нафт аз Эрон мутаассиф аст, зеро ин иқдом беш аз пеш иҷрои тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ-ро тазъифт мекунад. Дар воқеъ Иттиҳодияи Аврупо ба ҷои маҳкум кардани ин иқдоми якҷонибаи Амрико, ки дар таорузи ошкор бо тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ ва қатъномаи 2231-и Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид аст, сирфан дар ин замина ибрози таъассуф кардааст. Вазорати умури хориҷаи Британия низ сешанбе шаб аз иқдоми Амрико дар тамдид накардани муофиятҳои хариди нафти Эрон ибрози таъассуф кард. Лондон ҳамчунин бар аҳаммияти ҳифзи БАРҶОМ таъкид ва тасреҳ кард Британия ба ин тавофуқи байналмиллалӣ пойбанд мемонад.

Аврупоиҳо қаблан низ дар ҷараёни хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ дар майи 2018 низ ба ҷои иқдомоти амалӣ барои таҳти фишор қарор додани Вашингтон сирфан ин иқдомро маҳкум карда буданд. Акнун ки давлати Амрико гоме пештар гузошта ва талош карда, то ба заъми худ Эронро дар тангнои шадиде ба манзури пазириши хостаҳои ғайриқонунии Вашингтон қарор диҳад сирфан ба ибрози таассуф басанда кардааст. Албатта мавзеъи Иттиҳодияи Аврупо ва тероикаи аврупоӣ шомили Олмон, Фаронса ва Британия дар ҳимоят аз БАРҶОМ низ дар ростои манофеъи Аврупо сурат гирифтааст.  Аврупо  БАРҶОМ-ро намунае аз тавофуқи чандҷониба медонад, ки тавонист масъалаи ҳастаии Эронро ҳаллу фасл карда ва дар айни ҳол ба унвони улгуе барои ҳаллу фасли дигар муноқишоти байналмиллалӣ низ ба  кор равад. Ба ҳамин далел Касиҷансис таъкид кард Иттиҳодияи Аврупо ба пойбандии худ ба БАРҶОМ идома хоҳад дод, зеро ин тавофуқ дар Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ба иттифоқи оро тасвиб шуда ва барои амнияти минтақа ва ҷаҳон ҳаётӣ аст.

Русия аммо ба унвони узви дигари гуруҳи 4+1 мавзеъи қотиъе дар заминаи  иқдоми зидди эронии Вашингтон иттихоз кардааст. Аз дидгоҳи Маскав иқдоми нави давлати Трамп дар чорчуби сиёсати деринаи Вашингтон дар баробари Теҳрон анҷом шудааст. Мария Захарова сухангӯи Вазоарти умури хориҷаи Русия дар паи иқдоми Амрико дар таҳрими хариди нафти Эрон гуфт, руёруӣ ва иҷроии фишор бар эрониён, сиёсате аст, ки Вашингтон аз дербоз онро дунбол кардааст. Маскав бар ин гумон аст, ки Вашингтон иқдомоти чандҷонибаеро алайҳи Эрон дунбол мекунад, ки ташдиди таҳримҳои нафтӣ фақат бахше аз он аст. Ба гуфтаи  Захарова тасмимоти Амрико алайҳи Эронро набоистӣ муҷаззо дид ва террористӣ хондани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ низ бахши дигаре аз барномаи ҷомеъи Амрико барои иҷрои фишор ба Эрон аст, ки ҳамагӣ алайҳи давлат ва миллати Эрон ҳадафгирӣ шудааст. Русҳо муътақиданд, ки Амрико ҳамвора ба дунболи баҳонаҷӯӣ алайҳи Эрон буда ва ба ҳамин далел ба рағми пойбандии комили Эрон ба мафодди БАРҶОМ, ки ба таъиди Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ низ расида Вашингтон сиёсати ситезаҷӯёнаи худро алайҳи Эрон ҳамчунон идома медиҳад.

Мавзеъи Маскав дар бораи моҳияти рӯйкарди зидди эронии давлати Трамп бо воқеъият интибоқ дорад, ҳамчунон, ки Майк Помпео вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи душанбе пас аз эъломи бекор кардани муофиятҳои нафтӣ барои харидорони нафти Эрон ба сароҳат аз Теҳрон хост, то  шартҳои 12 гонаеро, ки вай дар соли 2018 тарҳ карда буд бипазирад шартҳое, ки Эрон онҳоро ба сароҳат ва қотеъият рад кардааст.

Барчасп