Барканорӣ ва боздошти се тан аз муовинони раиси Порлумони Туркия
Се тан аз муовинони раиси Порлумони Туркия дар идомаи боздоштҳо ва барканории густардаи кормандони давлатӣ дар пайи кудатои нофарҷоми ин кишвар боздошт шуданд.
Ба гузориши ИРНА, рӯзи чаҳоршанбе аз чаҳор муовини раиси Порлумони Туркия, се тан аз кор барканор ва аз тарафи полис боздошт шуданд.
Омори боздоштшудаҳо ва барканориҳои густарда дар Туркия ҳар лаҳза афзоиш меёбад ва бар асоси бархе гузоришҳо, шумори боздоштшудаҳо ба ҳудуди 10 ҳазор нафар расида ва афзун ба ин, 30 ҳазор тан аз кормандони давлативу низомӣ ва амниятӣ низ аз кор барканор шудаанд.
Ҳамчунин хабарҳо баёнгари он аст ки Шӯрои омӯзиши олии Туркия сафари устодони донишгоҳҳои ин кишварро ба хориҷ то иттилои баъдӣ мамнуъ кардааст ва аз ҳазору 577 раиси донишгоҳ низ хостааст истеъфо диҳанд.
Ҷумъашаби гузашта гурӯҳе аз низомиёни Туркия бо ба парвоз даровардани ҷангандаҳои "Ф-16", ишғоли созмони радио ва телевизиони давлатии Туркия ва бомбаборони ниҳодҳои муҳими давлатӣ, даст ба кудато заданд, ки баъд аз 6 соат бо ҳузури густардаи мардум дар хиёбонҳо ва мухолифати густардаи расонаҳо, аҳзоб ва ниҳодҳои маданӣ бо ҳукумати низомӣ, саркӯб шуданд.