Умрон Хон: Вориди низоъҳои дохилии Афғонистон нахоҳем шуд
(last modified Fri, 26 Apr 2019 13:41:37 GMT )
Апрел 26, 2019 18:41 Asia/Dushanbe
  • Умрон Хон: Вориди низоъҳои дохилии Афғонистон нахоҳем шуд

Умрон Хон, нахуствазири Покистон эълом кард, ки ин кишвар вориди низоъҳои дохилии Афғонистон намешавад.

Ба гузориши ИРНА, нахуствазири Покистон рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард, даргириҳо дар Афғонистон дар 40 соли гузашта ранҷи зиёдеро барои мардуми ин кишвар ва мардуми Покистон ба ҳамроҳ доштааст ва акнун, пас аз як интизории тӯлонӣ фароянди сулҳ дар Афғонистон фурсати таърихиро барои сулҳ дар минтақа фароҳам кардааст ва Покистон низ ба таври комил аз ин раванд пуштибонӣ мекунад. Умрон Хон афзуд, марҳалаи ояндаи раванди сулҳи Афғонистон пешбурди гуфтугӯҳои миёни тамоми гурӯҳҳои афғон аст, ки иҷоза медиҳад, то онон барои таъйини сарнавишти кишваршон тасмим бигиранд ва Покистон низ ҳомии онон аст.

Нахуствазири Покистон бо ибрози таассуф нисбат ба ташдиди хушунатҳои миёни тамоми тарафҳо дар Афғонистон таъкид кардааст: “Мо ин ҳамалотро маҳкум карда ва муътақидем, ки чунин вазъият фароянди сулҳро таҳти таъсир қарор медиҳад”. Умрон Хон бори дигар бар тааҳҳуди Покистон ба талошҳои дипломатӣ ва амниятӣ барои кумак ба муваффақияти раванди сулҳ дар Афғонистон таъкид кард ва гуфт, Исломобод дигар ба бахше аз даргириҳои дохилии Афғонистон табдил нахоҳад шуд.

Пеш аз ин намояндаи вижаи давлати Амрико дар умури Афғонистон дар охирин сафари худ ба Исломобод бо раҳбарони Покистон дидор карда ва гуфта буд, беҳбуди равобити Исломободу Вашингтон машрут ба тағйири сиёсати Покистон дар қиболи Афғонистон аст.