Таъкиди Туркия бар хариди сомонаи С-400 Русия
(last modified Sun, 28 Apr 2019 06:36:41 GMT )
Апрел 28, 2019 11:36 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Туркия бар хариди сомонаи С-400 Русия

Раиси ҷумҳури Туркия рӯзи шанбе бори дигар таъкид кард Анқара бар рағми таҳдидҳо ва мухолифатҳои Вашингтон сомонаи дифои мушакии С-400 ро аз Русия мехарад.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Раҷаб Таиб Эрдуғон бо баёни инки Туркия ба ин сомонаи дифоӣ ниёз дорад, таъкид кард ояндаи кишвараш аз ҳар чизи дигаре муҳимтар аст.

Эрдуғон пештар низ бар хариди ин сомонаи мушакӣ аз Русия таъкид карда буд.

Дар моҳҳои ахир танишҳо миёни Амрико ва Туркия бар сари масоили мухталиф аз ҷумла хариди сомонаи С-400  боло гирифтааст.

Амрико дар моҳҳои ахир борҳо Туркияро таҳдид кардааст, ки агар қарордоди хариди сомонаи С-400 Русияро бекор накунад ҳадафи таҳримҳои Вашингтон қарор хоҳад гирифт.

Вашингтон муддаӣ аст истиқрори сомонаи дифои мушакии С-400 дар хоки Туркия нуқоти заъфи ҷангандаи пинҳонкори Еф-35 Амрикоро ошкор хоҳад кард.

Қарордоди фуруши С-400 ба Туркия дар декабри 2017 ба имзо расид.

Ширкати Росо борон експорт, Ожонси содиркунандаи таслиҳоти Русия рӯзи чаҳоршанбе эълом кард ин кишвар раванди таҳвили сомонаи дифои мушакии С-400 ба Туркияро аз моҳи январ оғоз хоҳад кард.

Сомонаи замин ба ҳавои С-400 бо тавони тирпаронии ҳамзамони 72 мушак ва нобудии ҳадафҳои тактикӣ ва болестикӣ аз панҷ то 60 километр фосила ва ду то 27 километр  баландӣ аз пешрафтатарин сомонаҳои дифоӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.