Ардуғон: Эрон ба дунболи сулҳу субот дар минтақа аст
(last modified Thu, 26 Sep 2024 05:42:04 GMT )
Сентябр 26, 2024 10:42 Asia/Dushanbe
  • Ардуғон: Эрон ба дунболи сулҳу субот дар минтақа аст
    Ардуғон: Эрон ба дунболи сулҳу субот дар минтақа аст

Порс Тудеӣ-раиси Ҷумҳурии Туркия дар маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони кишваре ки ба дунболи барқарории сулҳу субот дар минтақаи ғарби Осиёст ёд кард.

Раҷаб Тайиб Ардуғон раиси Ҷумҳурии Туркия дар маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба буҳронҳои минтақаи ғарби Осиё гуфт: Эрон ба дунболи сулҳу субот дар минтақа аст.

Ба гузориши Порс Тудей, Ардуғон ҳамчунин ба ҷиноёти Исроил дар борикаи Ғазза ишора ва хотирнишон кард ки режими ишғолгар ин борикаро табдил ба гуристон карда аст .

Раиси Ҷумҳурии Туркия бо баёни ин ки кишварҳое ки аз Исроил ҳимоят мекунанд, шарики ҷиноёти ин режим ҳастанд хитоб ба ҷомеъа ҷаҳонӣ гуфт: ҳамонтур ки Гитлер чанд даҳаи пеши тавассути иттиҳодияи ҷаҳонӣ мутаваққиф шуд, Натаняҳу низ бояд тавассути ҷомеъаи ҷаҳонӣ мутаваққиф шавад .

Ардуғон дар идома ба таҷовузоти Исроил ба Лубнон ишора карду афзуд: Исроил бояд ба хотири ҷиноётш муҷозот ва товони хисоротеро ки ба бор оварда аст бипардозад.