Амрико Покистонро ҳам таҳрим кард
Пас аз онки Покистон ҳозир нашуд шаҳрвандони ихроҷшудааш аз Амрикоро бозгардонад Вашингтон таҳримҳоеро алайҳи ин кишвар вазъ кард.
Вашингтон эълом кард, ин навъ таҳримҳо марбут ба мақомоте аст, ки масъулияти пазириш ва истирдоди атбоъи ихроҷшударо бар уҳда доранд, ки бар ин асос дар гоми нахусти таҳрим, барои ин ашхос визаи Амрико содир нахоҳад шуд.
Ҳамчунин дар сурате, ки таҳримҳои аввалия барои ҷалби ҳамкорӣ аз сӯи Покистон муъассир набошад, таҳримҳои дигаре ба манзури ҳадаф қарор додани аъзои хонаводаи ин мақомот ва мақомоте аз дигар вазоратхонаҳо иҷроӣ хоҳад шуд.
Ин хабар дар ҳоле мунташир мешавад, ки Раҳмон Малик раиси Камиссиони умури дохилии Маҷлиси сенати Покистон аз роҳандозии маркази омӯзиши низомӣ дар сафорати Амрико ибрози нигаронӣ кардааст.
Пеш аз ин дар ҳоле, ки шаҳрдории Исломобод иҷозатномаи сохти бештар аз 3 қабатаро ба ҳеҷ фарде намедод, сохтмони 8 қабатаи сафорати Амрико ва ишрофи он ба вазоратхонаҳои покистонӣ баҳс барангез шуда буд.
Хадамоти амнияти Покистон ҳушдор дод, ки дар қабати ҳаштуми сафорати Амрико таҷҳизоти ҷосусӣ кор гузошта шудааст ва аз он барои касби иттилоот дар бораи Маҷлиси миллӣ ва дигар созмонҳои давлатӣ истифода мешавад.
Амрико ва Покистон дар бисёре аз маворид бо якдигар дучори ихтилоф шудаанд, ки муҳимтарини онҳо масъалаи Афғонистон аст ба ҳамин далел як ҷанги пинҳон байни ду кишвар оғоз шудааст, ки шомили таҳримҳои Вашингтон ва эътирозоти Исломобод ба фаолияти амрикоиҳо мешавад.