Апрел 29, 2019 12:00 Asia/Dushanbe
  • Боздошти узви аршади Толибон дар Кобул

Полиси Афғонистон, Қудратуллоҳ яке аз фармондеҳони аршади гуруҳи Толибонро дар ғарби Кобул боздошт кард.

Ба гузориши хабаргузории садо ва симо аз Кобул, Вазорати кишвари Афғонистон эълом кард; ин фармондеҳи аршади Толибон аз рафту омади корвонҳои низомиёни афғон дар масири Кобул- Вардак ба ин гуруҳ гузориш медод.

Саркардаи Толибон дар ҳоле боздошт шуд, ки тадбирҳои сахти амниятӣ ба вижа дар ғарби Кобул дар хусуси баргузории Луя ҷиргаи машвартии сулҳи Афғонистон гирифта шудааст.