Апрел 29, 2019 13:58 Asia/Dushanbe
  • Исрори Трамп бар сохти девори марзӣ бо Мекзик

Раиси ҷумҳурии Амрико, дубора бар сохти девори марзӣ бо Мекзик исрор кард.

Ба гузориши шабакаи Факс-Нюз, Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар мусоҳибаи телефонӣ бо ин расона гуфт кораш сохти сохтмон будааст ва медонад читавр девори марзӣ бо Мекзикро бисозад.

Раиси ҷумҳурии Амрико афзуд; қасд  дорад то поёни соли оянда 2020,  400 мойл аз ин деворро бисозад.

Трамп муддаъӣ шуд, агарчӣ дар хусуси таъмини будҷети сохти ин девори марзӣ бо демократҳо мушкил дорад, аммо ин деворро месозад.

Пофишории Трамп бар сохти девор дар марзи Мекзик барои пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирон ва мухолифати конгира бо он, давлати Амрикоро дар моҳҳои гузашта ба мудати 35 рӯз ба таътилӣ кашонд.

Раиси ҷумҳурии Амрико ҳатто барои амалӣ кардани барномаи худ, ҳолати фавқулодаи миллӣ дар марзи Мекзик эълом кард.

Бо инҳол Трамп, ҳануз муваффақ нашудааст будҷети  мавриди ниёз барои сохти девори марзиро таъмин кунад.

Барчасп