Оғози нишасти Луи Ҷиргаи машваратии сулҳи Афғонистон
Нишасти Луи Ҷиргаи машваратии сулҳи Афғонистон дар миёни тадбирҳои шадиди амниятӣ ва бо ҳузури раиси ҷумҳурии ин кишвар дар Кобул баргузор шуд.
Ба гузориши Садо ва Симо аз Кобул, камиссиони баргузории Луи Ҷиргаи машваратии сулҳи Афғонистон эълом кард; наздик ба се ҳазор нафар дар ин нишаст ҳузур доранд.
Таъриф ва чигунагии дастёби ба сулҳ ва таъини чорчуби музокира бо Толибон ду мавзӯъи аслии Луи Ҷиргаи машваратии сулҳи Афғонистон эълом шудааст.
Ҳамзамон бо нишасти кории Луи Ҷиргаи машваратии сулҳ, масирҳои мунтаҳи ба маҳалли баргузории Луи Ҷирга бастааст ва ба обирон иҷозаи рафту омад дода намешавад.
Ҳамчунин дар саро сари Кобул ба вижа марказҳо исти бозрасӣ эҷод шудааст, нерӯҳои артиш ва полис дар сатҳи шаҳр ба сурати мудовим дар ҳоли гаштзанӣ ҳастанд ва вазъиятро аз наздик зери назар доранд.
Аз суи дигар ҳудуди панҷоҳ нафар аз шахсиятҳои сиёсии Афғонистон аз ҷумла Ҳомид Карзай раиси ҷумҳури собиқ, Абдулло Абдулло раиси иҷроӣ Абдурашид Дӯстум муовини аввали раёсати ҷумҳурӣ ва Муҳаммадкарим Халилӣ раиси Шурои олии сулҳи Афғонистон ва низ аъзои сездаҳ ҳизби сиёсӣ, Луи Ҷиргаро таҳрим кардаанд ва дар ин нишаст ширкат надоранд.
Шахсиятҳои саршиноси сиёсӣ, ки Луи Ҷиргаро таҳрим кардаанд муътақиданд; баргузории ин нишаст, бе мавқеъ ва ғайри муфид аст ва наметавонад раванди сулҳро дар Афғонистон сурат бахшад.
Гуруҳи Толибон низ якшанбе шаб дар баёнияе эълом кард; Луи Ҷиргаи давлати Афғонистон, раванди сулҳро вайрон мекунад ва ин нишасти намоишӣ ва дар ростои ҳадафҳои бегона аст.
Давлати Афғонистон ба муносибати баргузории Луи Ҷиргаи машваратии сулҳ, ҳафтаи ҷориро дар Кобул таътили расмӣ эълом кард.