Маросими тағйири император дар Ҷопон (видео)
https://parstoday.ir/tg/news/world-i43426-Маросими_тағйири_император_дар_Ҷопон_(видео)
Маросими тағйири императори Ҷопон имрӯз дар Кохи салтанатии Токио баргузор шуд ва Акиҳито аз қудрат канорагирӣ кард. Акиҳито аз январи соли 1989, баъд аз марги Ҳароҳито императори Ҷопон шуда буд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 30, 2019 12:59 Asia/Dushanbe

Маросими тағйири императори Ҷопон имрӯз дар Кохи салтанатии Токио баргузор шуд ва Акиҳито аз қудрат канорагирӣ кард. Акиҳито аз январи соли 1989, баъд аз марги Ҳароҳито императори Ҷопон шуда буд.

Дар ин маросим илова бар хонадони салтанатӣ мақомоти олирутбаи ҷопонӣ, аз ҷумла Шинзо Абэ, нахуствазир, руасои маҷлис ва Девони Олии Қазоии ин кишвар низ ҳузур доштанд. Фардо дар маросими ҷудогона Нароҳито, валиаҳди 56-солаи Ҷопон ба сурати расмӣ адои савганд хоҳад кард ва аз ибтидои субҳи чаҳоршанбе расман императори Ҷопон хоҳад шуд.

Image Caption

Канорагири императори Ҷопон аз симмати худ барои аввалин бор дар 200 соли гузашта иттифоқ афтодааст. Император дар Ҷопон нақши ташрифотӣ дорад ва миллигароёни ҷопонӣ ӯро намоянда ва намоди таъриху тамаддуни кишваршон медонанд.

Император Акиҳито пас аз он ки эълом кард, ба иллати беморӣ ва куҳулати син аз симмати худ канорагирӣ мекунад, ин мақомро ба писараш, валиаҳди худ мунтақил кард.