Афғонистон хатарноктарин кишвар барои хабарнигорон
Дафтари намояндагии Созмони Миллал дар Кобул дар баёнияе ба муносибати рӯзи ҷаҳонии озодии расонаҳо, Афғонистонро хатарноктарин кишвар барои хабарнигорон хонд.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, Дафтари намояндагии Созмони Миллал дар Кобул эълом кард, кушта шудани 15 хабарнигор дар як соли гузашта нишон медиҳад Афғонистон хатарноктарин кишвар дар ҷаҳон барои хабарнигорон аст.
Дар баёнияи намояндагии Созмони Миллал дар Кобул, аз неруҳои амниятии афғон ва мухолифони мусаллаҳ хоста шудааст, то аз ҳамла ба хабарнигорон худдорӣ кунанд.
Пеш аз ин Сарвар Дониш муовини дуввуми раиси ҷумҳури Афғонистон дар дидор бо ҷамъе аз хабарнигорон эътироф карда буд, ки ин кишвар яке аз хатарноктарин кишварҳо барои хабарнигорон аст.
Вай хабарнигоронро яке аз аҳдофи аслии гуруҳҳои террористӣ муъаррифӣ ва бар лузуми фишор бар руи ин гуруҳҳо барои мумониъат аз иҷроии хушунат алайҳи аҳолии расона таъкид карда буд.
Ба гузориши ниҳодҳои ҳомии расонаҳо ва хабарнигорон, Мекзик, Сурия, Яман, Еквадор ва Ҳиндустон баъд аз Афғонистон, дар рӯйхатти хатарноктарин кишварҳо барои хабарнигорон қарор дорад.