61 куштаву захмӣ дар тирандозиҳои Амрико
Май 05, 2019 19:17 Asia/Dushanbe
Тирандозиҳои 24 соати гузашта дар нуқоти мухталифи Амрико 61 куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маркази сабти омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико рӯзи шанбе эълом кард, ки дар 61 мавриди тирандозӣ тайи 24 соати гузашта дар иёлатҳои мухталифи ин кишвар 23 нафар кушта ва 48 нафар захмӣ шудаанд.
Бар асоси ин гузориш, бештари ин тирандозиҳо дар иёлатҳои Даллас, Алабама, Вирджиния, Ню-Джерси, Калифорния, Миссури, Луизиана ва Индиана рӯй додааст.
Ба гузориши Маркази омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико аз ибтидои соли 2019 то кунун, 17 ҳазору 652 мавриди тирандозӣ ба сабт расидааст, ки дар натиҷаи онҳо беш аз 4000 нафар куштаву 8000 нафар захмӣ шудаанд.
Барчасп