Талоши дубораи Болтон барои тарсондани Эрон
Ҳамзамон бо ташдиди иқдомоти хасмонаи Амрико алайҳи миллат ва Давлати Эрон Ҷон Болтон, мушовири амнияти милии Амрико дар баёнияе ба таҳдиди низомӣ алайҳи ҷумҳурии исломӣ мубодират варзидааст.
Болтон дар ин баёния изҳор дошт, Иёлоти муттаҳида дар вокуниш ба шуморе аз нишонаҳои нигаронкунанда ва ташдидкунанда ва ҳушдорҳо, дар ҳоли истиқрори гуруҳи таҳоҷумии нови ЮСС-и Обрҳом Линкен ва як гуруҳи зарбатии бомбафкан дар минтақаи фармондеҳии марказии Амрико (Сентекам) аст, то сабаби ирсоли як паёми возеҳ ва бидуни иштибоҳ барои Эрон дар ин бора шавад, ки ҳаргуна ҳамла ба манофеъи Амрико ё манофеъи ҳампаймонони мо бо як посухи шадид ру ба ру хоҳад шуд.
Болтон дар айни ҳол муддаъӣ шуда, ки Амрико дар пайи ҷанг бо Эрон нест, аммо ба таври комил омодаи вокуниш нишон додан ба ҳаргуна ҳамлае аз сӯи неруҳои Эрон аст.
Таҳдиди ошкори Болтонро бояд дар чорчуби талош барои тарсондани Эрон тафсир кард. Вай ба дунболи таҳрик ва ба зинни худ, тарсондани Эрон аст. Болтон бар ин тасаввур аст, ки бо таҳдиди низомӣ алайҳи Эрон Теҳронро дар мавзеъи инфиъолӣ қарор хоҳад дод ва монеъ аз таҳаррукоти он дар чорчуби ҳифзи манофеъи миллӣ ва амнияти миллӣ Эрон хоҳадшуд. Бо ин ҳол Эрон борҳо таъкид кардааст, ки ба ҳаргуна таҳдиди низомӣ ва таҷовузи эҳтимолӣ аз ҷониби Амрико ё шарикони минтақавии он вокуниши қотеъонае нишон хоҳад дод.
Масъалаи муҳим ин аст, ки мушовири амнияти миллии Амрико дар ҳоле муддаъӣ шуда гуруҳи зарбатии баҳрӣ ва ҳавоии Амрико дар вокуниш ба нишонаҳои нигаронкунанда ва ташдидкунанда ва ҳушдорҳо ба минтақа эъзом шудааст, ки коршиносон эълом кардаанд, ки эъзоми нови ҳавопаймобарии Обрҳом Линкен ба Халиҷи Форс дар чорчуби барномарезии пешин анҷом гирифтааст ва асосан рабте ба афзоиши таҳдидот надорад.
Дар ин замина Илан Голденберг мақоми собиқи давлати Амрико навишт, фаристодани як нов ба минтақаи Сентекам ғайри оддӣ нест ва эҳтимолан тибқи раванд ва бо барномарезӣ аз муддатҳо пеш анҷом мешавад.
Дар воқеъ таърихи нахустин баёния дар бораи эъзом тибқи барнома ва рутини нови ҳавопаймобари Обрҳом Линкен ба халиҷи Форс ба як моҳ пеш боз мегарданд. Нови ҳавопаймобари Обрҳом Линкен ва новгуруҳи ҳамроҳаш дар моҳи апрел дар минтақаи Мидитарона буд.
Масъалаи муҳими дигар ин аст, ки Болтон дар раъси ҷангталабоне қарор дорад, ки акнун аз онҳо таҳти унвони гуруҳи "Б" ёд мешавад. Ин гуруҳ талош мекунад, то ба ҳар наҳви мумкин давлати Трампро ба руёруии низомӣ бо Эрон водор намояд.
Дар ин замина Муҳаммад ҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи Факс-Нюз гуфт, Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико мехоҳад ба қавли интихоботии худ, ки парҳез аз ҷангу лашкаркашӣ аст вафодор бимонад, аммо гуруҳи "Б" муташакил аз Бенямин Натанияҳу, Ҷон Болтон, Муҳаммад Бинсалмон ва Муҳаммад Бинзоид ба дунболи кашондани Амрико ба руёруӣ бо Эрон ҳастанд.
Амрико дар чорчуби санади стратегии амнияти милии 2017, талоши густардаеро барои эҷоди эътилофҳои минтақавӣ бо ҳадафи маҳори Эрон ва талош барои тағйири сиёсатҳо ва иқдомоти он дар сатҳи Ховари Миёна анҷом додааст. Акнун ин эътилофи дар қолиби эътилофи саъудӣ- саҳюнистӣ шакл гирифтааст.
Дар айни ҳол Амрико дар ростои руйкарди зиддиэронии худ дар паи эҷоди эътилофи роҳбурдии минтақавӣ бо ҳадафи муқобила бо Эрон аст, ки баробари эҷоди "иттиҳоди стратегии Ховари Миёна" Миса ё натои арабӣ дунбол мешавад.
Ҷаҳон акнун ба хубӣ аз кинаварзии Амрико дар баробари Эрон огоҳ аст. Душмании Амрико бо Эрон ба далели истодагӣ дар баробари хостаҳои зиёдаталабона ва мудохилаҷӯёнаи Вашингтон дар баробари Эрон ва минтақа аст, ки бовуҷуди чунин таҳдидоте ҳамчунон идома хоҳад ёфт.