Май 07, 2019 18:24 Asia/Dushanbe
  • Панҷсад додситони собиқи Амрико: Трамп бояд муҳокима шавад

Беш аз 500 додситони собиқи Амрико бо имзои номаи саркушодае эълом карданд, бино бар шавоҳиди мавҷуд дар гузориши бозраси вижаи парвандаи дахолати Русия дар интихоботи 2016, агар Трамп як шаҳрванди оддии Амрико мебуд, ба таври қатъӣ ба ҷурми мамонеат аз иҷрои адолат муҳокима мешуд.

Ба гузориши “Алъолам”, CNN ва дигар расонаҳои ғарбӣ бо пӯшиши ин хабар гузориш доданд, ки шумори имзокунандагони ин нома, ки авоили бомдоди имрӯз интишор ёфта, рӯ ба фузунӣ аст. Дар матни ин номаи саркушода омадааст: “Муътақидем, агар рафтори Трампро як фарди оддӣ анҷом медод, то кунун ба чандин фақра иттиҳоми ҷиноӣ дар заминаи мамонеат аз адолат мувоҷеҳ мешуд”.

Имзокунандагони ин номаи саркушода аз тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ ва аз ҳарду ҳизб, демократ ва ҷумҳурихоҳ бо собиқаи қазоии чандсола то чанд даҳаи хидмат ҳастанд. Садҳо додситони собиқи Амрико дар ин нома гуфтаанд, ки Доналд Трамп барои ихроҷи Роберт Мюллер ва тарсондани шоҳидони талош кардааст.

Бар асоси Қонуни Асосии Амрико, муттаҳам кардан ва ё пайгарди қонунии раисони ҷумҳурӣ дар ин кишвар то замони ҳузур дар ин маснад мамнӯъ аст.

Дар гузориши комили Роберт Мюллер, бозраси вижаи парвандаи дахолати Русия дар интихоботи соли 2016-и Амрико 11 мавриди талоши Трамп ё гурӯҳи интихоботии ӯ барои ҷилавгирӣ аз иҷроии адолат сабт шудааст.