Ҳадаф қарор гирифтани таҷамӯи муздурони Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i43668-Ҳадаф_қарор_гирифтани_таҷамӯи_муздурони_Арабистон
Нерӯҳои яманӣ таҷамӯи низомиёни саудӣ дар минтақаи Тайбат ал- Исм, дар саҳрои Алаҷошир, наздики Наҷрон, дар ҷануби Арабистонро бо мушаки "Зилзол -1" ҳадаф қарор доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 11, 2019 12:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳадаф қарор гирифтани таҷамӯи муздурони Арабистон

Нерӯҳои яманӣ таҷамӯи низомиёни саудӣ дар минтақаи Тайбат ал- Исм, дар саҳрои Алаҷошир, наздики Наҷрон, дар ҷануби Арабистонро бо мушаки "Зилзол -1" ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши рӯзи шанбеи шабакаи ҳабарии "Алмасира", мушакҳои яманӣ ба ҳадаф исобат карда ва шуморе аз низомиён ва муздурони саудӣ кушта ва захмӣ шудаанд.

Нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман рӯзи гузашта (ҷумъа) низ пешравии артиши Арабистон дар атрофи минтақаи Ассадис, дар Наҷронро дафъ карданд.

Хабари дигар ин, ки дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман сукути маҳфилҳои байналмиллалиро дар баробари фоҷеаҳои башарӣ дар шаҳристони Аддурайҳимии Яман таасуфовар тавфис кард.

Манбаъҳои яманӣ рӯзи гузашта аз ҷон бохтани панҷ зан ва як пирамард бар асари гуруснагӣ ва набуди дору дар шаҳристони Аддурайҳимии вилояти Алҳудайда хабар доданд.

Камбуди ғизо ва дору дар Яман дар ҳолест, ки бар асоси тавофуқи шашуми декабри соли гузашта (2018) миёни ҳайати эъзомӣ аз Риёз ва ҳайати яманӣ дар Стокҳолми Шветсия, қарор буд дар вилояти Алҳудайда оташбаси комил барқарор шуда ва Созмони Милал ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ битавонанд ақломи мавриди ниёзи миллионҳо яманиро таъмин кунанд, аммо аз он замон то кунун фурудгоҳи Алҳудайда ба сурати рӯзона ҳадафи гулулаборони эътилофи саудӣ - иморотӣ қарор гирифтааст.

Бар асоси охирин омори Вазорати беҳдошти Яман, беш аз 2 миллион кудаки яманӣ дучори камбуди ғизоӣ ҳастанд, ки 400 ҳазор нафар аз онҳо дар маърази хатари марг қарор доранд.