Як шаҳид ва 30 захмӣ дар панҷовуҳаштумин ҷумъаи роҳпаймоии Ҳаққи бозгашт
(last modified Sat, 11 May 2019 09:24:29 GMT )
Май 11, 2019 14:24 Asia/Dushanbe
  • Як шаҳид ва 30 захмӣ дар панҷовуҳаштумин ҷумъаи роҳпаймоии Ҳаққи бозгашт

Вазорати беҳдошти Фаластин ҷумъашаб аз шаҳодати як фаластинӣ ва захмӣ шудани дастикам 30 нафари дигар дар панҷовуҳаштумин ҷумъаи роҳпаймоии бузурги Ҳаққи бозгашт бар борикаи Ғаза хабар дод.

Ба гузориши Алолам, Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, дар миёни захмиҳо чор кудак ва як имдодгар вуҷуд дорад.

 Роҳпаймоии Ҳаққи бозгашт дар ҷумъа таҳти унвони Бо ҳам дар баробари муомилаи қарни Трамп меистем баргузор шуд.

 Низомиёни Режтими саҳюунистӣ дар ҷараёни саркуби тазоҳуроткунандагони фаластинӣ илова бар шилдики гулулаи ҷангӣ, аз газҳои ашковар ва заҳрӣ алайҳи фаластиниён истифода карданд.

Роҳпаймоии мусолиматомези Ҳаққи бозгашт аз 30 марти 3018 ба муносибати рӯзи замин дар борикаи Ғаза оғоз шуда ва ҳамчунон идома дорад.

Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин, аз 30 марти 2018 то кунун 304 фаластинӣ дар ин роҳпаймоӣ ба зарби гулулаи низомиёни Исроилӣ шаҳид ва ҳазорон нафари дигар захмӣ шудаанд.

Бисёре аз кишвварҳо аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳамчунин Созмонҳои байналмиллалӣ то кунун, ин ҷиноятҳои саҳюунистҳоро маҳкум кардаанд.

 Роҳпаймоии фаластиниҳо дар солгарди рӯзи замин ёдовари тасмими Режими саҳюунистӣ дар заминаи мусодираи заминҳои фаластиниҳо дар 30 марти соли 1976 аст,ки ҳар сола баргузор мешавад.

Режими Исроил бо аз худкардани заминҳои фаластиниҳо ва сохти шаҳракҳои саҳюунистнишин дар он дар садади тағийри сохтори ҷуғрофиёии минтақаҳои фаластини ва чеҳраи саҳюунистӣ додан ба ин минтақаҳо аст то султаҷӯиҳояшро дар минтақаҳои фаластинӣ тасбит кунад.