Май 12, 2019 09:50 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии вазири муҳоҷирони Афғониcтон аз миллати Эрон

Ҳусейни Олимии Балхӣ вазири муҳоҷирони Афғонистон шанбешаб дар Твиттер аз миллати Эрон ба хотири ҳимоят аз муҳоҷирони афғон қадрдонӣ кард.

Ба нақл аз ИРНО, Ҳусейни Олимии Балхӣ бо ишора ба диринагии равобит миёни Афғонистон ва Эрон, иртибототи ду давлат ва ду миллатро дар ҳамаи заминаҳо ҳасана ва ру ба пеш хонд.

Вазири муҳоҷирони Афғонистон ҳамчунин эълом кард, тавзеҳоти саид Аббоси Ироқчӣ муовини сиёсии вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар хусуси мавзӯи муҳоҷирони афғон дар Эронро пазируфтааст ва аз назари Кобул ҷои нигаронӣ вуҷуд надорад.

Пеш аз ин  суханоне ба нақл аз Ироқчӣ муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон матраҳ шуда буд мабни бар инки дар сурати сифр шудани содироти нафти Эрон се миллион муҳоҷири афғон дар ин кишвар бояд Эронро тарк кунанд.

Ин дар ҳоле буд, ки Аббос Ироқчӣ рӯзи шанбе нашри ин матолибро сӯи бардошт аз суханонаш дар мавриди муҳоҷирони афғон хонд ва гуфт, ҳеҷгоҳ баҳси ихроҷ ва бозгардондани муҳоҷирони афғон аз Эрон матраҳ набуда ва нест, аммо касоне, ки сабаби бисёре аз мушкилот ва масоил дар Афғонистон ҳастанд бояд ба масъулияти худ амал кунанд.

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни инки руи суҳбати Эрон бо ғарбиҳо ва аврпуоиҳо аст таъкид кард, мусаббиби мушкилот ва оворагии мардуми Афғонистон дар дараҷаи нахуст касоне ҳастанд, ки гуруҳҳои террористиро дар ин кишвар эҷод карда ва неруҳои низомӣ ба кишвар фиристодаанд.

Ироқчӣ бо баёни инки Эрон дар 40 соли ахир мизбони бародарон ва хоҳарони афғон будааст таъкид кард, амрикоиҳо ва ғарбиҳо омили оворагии мардуми Афғонистон ҳастанд ва набояд таваққуъ дошта бошанд, ки танҳо Эрон ҳазинаҳои ин корро бидаҳад.

Тавзеҳоти такмилии Ироқчӣ дар бораи муҳоҷирини афғон бозтоби густарда ва мусбате дар расонаҳои Афғонистон дошт.

Ҳамакнун ҳудуди 3 миллион муҳоҷири афғон аъам аз қонунӣ ва ғайриқонунӣ дар Эрон зиндагӣ мекунанд, ки тамомии ин ашхос аз хадамоти омӯзишӣ, дармонӣ ва беҳдоштии Эрон бидуни ҳеҷ табъизе баҳраманд ҳастанд.