Май 13, 2019 13:58 Asia/Dushanbe
  • Чорумин ҳамоиши ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ оғоз ба кор кард

Чорумин ҳамоиш бо мавзуъи ҳамкориҳои Чин ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Синон оғоз ба кор кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, чорумин ҳамоиш бо мавзуъи ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Синон оғоз ба кор кард.

Дар ин ҳамоиш ҳайати давлатии осиёи Марказӣ шомили намояндагони устонҳои  мухталифи ин кишварҳо ҳузур доранд.

Чин Фансиён раиси Шурои тавсиъаи дӯстӣ байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар маросими ифтитоҳияи ин ҳамоиш изҳор дошт; Осиёи Марказӣ дар қалби Осиё қарор дорад ва ба унвони қалби Ҷодаи абрешим шинохта шудааст.

Вай идома дод; аз замонҳои қадими милодӣ маҳсулот аз тариқи ин минтақа анҷом мешуд ва ҳамоиши имрӯз низ қадаме барои ҳамоҳангии пружаҳо ва қарордодҳо аст ва ба барномаҳо дар заминаи тиҷорат таваҷуҳи зиёде хоҳад дошт.

Ин маросим ба мизбонии Шурои тавсиъаи дӯстии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ( Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ) баргузор шуд.

Қарор аст қарордодҳое байни бозоргонон дар бахши тиҷорат ва ҳамкорони фарҳангӣ ба имзо расад.