Май 14, 2019 16:47 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи сафири Амрико ба шикасти музокироти сулҳ бо Толибон

Сафири Амрико дар Кобул ба шикасти музокироти ин кишвар бо Толибон дар Қатар эътироф кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Ҷон Басс дар сафар ба вилояти Қандаҳор, ҷануби Афғонистон гуфт, шаш даври музокираи ба истилоҳ сулҳи миёни намояндагони Амрико бо Толибон дар Доҳа, пойтахти Қатар баргузор шуда, ки ҳеҷ натиҷае надоштааст. Ин дипломати амрикоӣ афзуд, Толибон ҳамчунин ҳеҷ гуна тамоюле ба музокира бо давлати Афғонистон барои барқарории сулҳ ва поёни ҷанг дар ин кишвар надорад.

Давлати Афғонистон интизор дошт, то Амрико битавонад дар музокирот бо Толибон заминаи оғози музокироти байнулафғониро фароҳам кунад, аммо изҳороти сафири Амрико дармондагии Вашингтон дар баробари Толибонро нишон медиҳад. Аббос Сатанакзай, раиси тими музокиракунандаи Толибон низ ба расонаҳо гуфтааст, Амрико дар остонаи шикаст дар Афғонистон қарор дорад ва роҳе ҷуз хурӯҷ аз ин кишварро надорад.