Панҷоҳу ҳашт куштаву захмӣ дар тирандозиҳои Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i43763-Панҷоҳу_ҳашт_куштаву_захмӣ_дар_тирандозиҳои_Амрико
Тирандозиҳои 24 соати гузашта дар нуқоти мухталифи Амрико 58 кушта ва захмӣ бар ҷо гузошт.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 14, 2019 18:18 Asia/Dushanbe
  • Панҷоҳу ҳашт куштаву захмӣ дар тирандозиҳои Амрико

Тирандозиҳои 24 соати гузашта дар нуқоти мухталифи Амрико 58 кушта ва захмӣ бар ҷо гузошт.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Маркази сабти омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, дар 57 мавриди тирандозӣ тайи 24 соати гузашта дар иёлатҳои мухталифи ин кишвар 12 нафар кушта ва 46 нафар захмӣ шудаанд. Бар асоси ин гузориш, бештари тирандозиҳо дар иёлатҳои Мичиган, Луизиана, Аризона, Ню-Мексико, Миссури ва Королинаи Шимолӣ рух додаанд. Ҳамчунин дар 48 соати гузашта 175 мавриди тирандозӣ дар иёлатҳои мухталифи Амрико гузориш шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 43 нафар кушта ва 126 нафар захмӣ шудаанд.

Хушунатҳои мусаллаҳона ва тирандозии рӯзона яке аз муъзалҳои муҳими ҷомеаи Амрико аст, ки Қонуни озодии ҳамли силоҳ омили аслии он маҳсуб мешавад. То кунун мардуми Амрико тазоҳуроти мутааддидеро дар эътироз ба ҳамли озоди силоҳ баргузор кардаанд, аммо манофеи лоббии силоҳ дар ин кишвар сабаб шудааст, то ин эътирозҳо натиҷае надошта бошанд.