Май 14, 2019 18:57 Asia/Dushanbe
  • Дархости раҳоии Аврупо аз зери сарпарастии Амрико

Рӯзномаи олмоние дар матлабе аз давлатҳои аврупоӣ хост, ҳарчи зудтар дар барномаи ҳастаии Эрон дар канори Теҳрон қарор гирифта ва худро аз зери сарпарастии Амрико раҳо кунанд.

Рӯзномаи олмонии "Tagesschau" дар гузорише навишт: “Аврупоиҳо сареан худро дар канори Эрон ва алайҳи ифротгароён дар Вашингтон қарор диҳанд, чаро ки ҳар иқдоме ғайр аз ин ба зиёни Аврупо аст”. Дар ин гузориш омадааст, иқдоми Амрико дар хурӯҷ аз БарҶОМ иштибоҳ буд. Дар гузориши ин рӯзномаи олмонӣ омадааст, ваъдаи муносиботи тиҷории Ғарб ба Эрон муҳаққақ нашуд.

Ҳудуди як сол пеш буд, ки давлати Амрико ба дастури Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар аз тавофуқи байналмилалии Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак мавсум ба БарҶОМ хориҷ шуд ва тамоми таҳримҳои ҳастаии зайли ин тавофуқро дар ду марҳарлаи 90 ва 180-рӯза муҷаддадан эъмол кард. Эрон аз 8-уми майи соли 2019 ба далели хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ ва оғози таҳримҳои якҷонбаи Вашингтон зидди Теҳрон бархе иқдомоти худ дар БарҶОМ-ро мутаваққиф кард ва ба кишварҳои боқимонда дар ин тавофуқ 60 рӯз барои иҷрои тааҳҳудоти худ, бавижа дар ҳавзаҳои бонкӣ ва нафтӣ фурсат дод.

 

Барчасп