Май 15, 2019 20:21 Asia/Dushanbe

Китобат ва тасвиргарии бузургтарин “Шоҳнома” –и ҷаҳон дар Ҳинд бо 285 сафҳа ва 75 тасвири бисёр зебои миниатюри поён ёфт.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, раиси Маркази байналмилалии микрофилми “Нур” дар Ҳинд эълом кард, пас аз чаҳор соли талоши мудовим китобат ва тасвиргирии бузургтарин “Шоҳнома” –и хаттии ҷаҳон ба поён расид.

Маҳдихоҷа Пирӣ бо шарҳи ҷузиёти ин асар афзуд, тамоми маводи ин китоб, азҷумла коғаз, ҷилд ва ҳатто сандуқчаи сохташуда аз оҷи фили он дастсози ҳунармандони ҳиндӣ ва эронӣ аст.

Вай вазни ин китобро бидуни сандуқчаи он 32 килограмм баён кард ва афзуд, ин китоб бо андозаи 75 дар 55 сантиметрӣ дорои 285 сафҳа аст.

Бузургтарин “Шоҳнома”-и ҷаҳон дар ҳашт сутун навишта шудааст ва 75 тасвири бисёр зебои миниатюри дорад.

 

Барчасп