Рушди нархи бекорӣ дар Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i43812-Рушди_нархи_бекорӣ_дар_Туркия
Нархи бекорӣ дар Туркия тайи соли гузашта 41 афзоиш ёфт.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 16, 2019 16:43 Asia/Dushanbe
  • Рушди нархи бекорӣ дар Туркия

Нархи бекорӣ дар Туркия тайи соли гузашта 41 афзоиш ёфт.

Ба гузориши Идораи омори Туркия, нархи бекорӣ дар байни афроди болои 15 сол дар поёни моҳи феврали соли ҷории милодӣ дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл, бо як миллиону 376 нафар афзоиш ба чаҳор миллиону 730 ҳазор нафар расида, ки ин мизон дар 10 соли гузашта бесобиқа будааст.

Тибқи ин омор, теъдоди кормандон дар поёни моҳи феврали соли ҷории милодӣ бо 811 ҳазор нафар коҳиш ба нисбат давраи мушобеҳ дар соли гузашта ба 27 миллиону 355 ҳазор нафар расидааст.

Пеш аз ин Созмони омори давлатии Туркия дар гузорише эълом карда буд, нархи таварруми 12 моҳа дар ин кишвар дар поёни моҳи апрел ба 19/5 дарсад расидааст.