Эътирофи Трамп ба нотавонии Амрико муқобили Эрон
Раисҷумҳури Амрико дар идомаи мавозеи зидду нақиз ва ҳамзамон бо дархостҳои мукаррар барои музокира бо Эрон дар айни ташдиди фишорҳо ба нотавонии Амрико муқобили Эрон эътироф кард.
Ба гузориши ИРНА, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар дидор бо Уэли Маурер, раисҷумҳури Швейтсария дар Кохи Сафед дар посух ба ин суол, ки “оё Амрико бо Эрон вориди ҷанг мешавад?”, гуфт: “Умедворам, ин гуна набошад”. Дар ҳамин ҳол, бархе расонаҳои амрикоӣ ба нақл аз мақомоти Амрико гузориш додаанд, ки Доналд Трамп дар ҷаласоти хусусӣ ба Патрик Шанаҳан, сарпарасти Вазорати дифои Амрико - Пентагон таъкид карда, ки хоҳони ҷанг бо Эрон нест. Маҷиди Тахтиравончӣ, намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар вокуниш ба ин гузориши расонаҳои амрикоӣ гуфт: “Эътиқод дорам, ки Трамп намехоҳад биҷангад”.
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Кюдо”-и Ҷопон гуфт, Эрон баъд аз хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ ва эъмоли таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Теҳрон тамоюле барои музокираи муҷаддад бо Вашингтон дар мавриди БарҶОМ надорад.
Бо вуҷуди лаффозиҳои ҷангталбонаи Трамп мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ҳамвора таъкид кардаанд, ки ҳар гуна иқдоми ҷангталбонаи Амрико вокуниши муносибро дар пай хоҳад дошт.